Бахшҳо

Сафорати Русия: Шарҳҳои зиддирусии марги Умар мухолифи дӯстии мост

Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз бархе шарҳҳои шитобзадаи марбут ба марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа нигаронӣ кардааст, ки алайҳи Русия равона шудаанд.

Тибқи изҳороти ин ниҳод дар робита ба марги Умаралӣ Назаров дар ВАО-и Тоҷикистон шарҳҳои шитобзадаи зиддирусиягӣ пайдо шудаанд, ки ба манфиати нерӯҳои мухолифи дӯстӣ, густариши муносибатҳо ва наздикшавии Тоҷикистону Русия мебошанд: “Ин ҳам дар замонест, ки моро лозим аст барои мубориза бо терроризму ифротгароии динӣ бо ҳам муттаҳид бошем”.

Сафорат инчунин ба волидайни Умаралӣ Назаров изҳори таслият карда, афзудааст, тафтишоти ин парвандаи фоҷеабор таҳти назорати раҳбарияти Вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад: “Барои рӯшан кардани ҳамаи ҳолатҳои ин қазия Вазорати умури хориҷии Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ, Идораи хадамоти муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Додситони кулл дархост фиристодааст”.

Дар баробари ин сафорат зикр кардааст, ки Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар назди раисиҷумҳури Русия ва намояндаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар дар Санкт-Петербург ба таҳқиқи қазия пайвастаанд.

Муаллифони изҳорот афзудаанд, ки феълан таҳқиқоти аввалияи сабаби марги кӯдаки тоҷик дар ҷараён аст ва ҷомеаро даъват намудаанд, ки натиҷаҳои онро мунтазир бошад.
Мӯҳр
Абдуллох
Маро бахшо, Умар, ки дасткутоҳам дар ин ғурбат
Наметонам кунам коре барои ту, барои худ...
Умар! Марги ту рамзи нотавониҳову бенангист,
Бишав қосиди поки қавми ман назди Худои худ.

Бирав аз ман ва аз мо бар Худои худ шикоят кун,
Ва аз беғайративу аҷзи қавми мо ҳикоят кун,
Умар, эй ту фаришта, эй ту мазлум, эй шаҳиди пок,
Зи бедоди, зи ғурбат, аз ситамгорон ривоят кун.

Бигу Ӯро, ки мо бе ёрияш растан наметонем
Зи ин ранҷу балое, ки бувад дар чорсӯи мо.
Бигу Ӯро, ки медонад, ки танҳо ин бувад умре
Раҳои аз шаётинзодаҳо як орзуи мо...

Бигу Уро, ки аз дилхои ин кавми парешонат
Барои човидон тарсу мадороро бурун ронад,
Агар ин кавм натвонад бигирад интикоматро
Бигу Уро киематро дигар коим бигардонад...

Зафари Суфи


Умар
Куштори кудаки точик, шарххои шахрвандони шумо бар зидди точикон нишонаи волои дустист ва дифоъ аз хукуки мухочири точик, талаби хакикат ин мухолифи дустии мост. Браво дипломатони рус. Хамон рузноманигорони русзабоне, ки ин маслихатхоро ба шумо медиханд аз даргохатон биронедашон, ки хизмати хирсона мекунанд

Куштани кудаки точик ба равобит халал надоштаасту суханони мо халал доштааст? Ээ даркор нест дуститонам хтонам дусти мекнен одамвори кнен и чияйки харкоре дилтон бхоха кардангиреду мо хомущ истем дусти катъ нашавад гуфта. Айнан мисли хукуматдорони мо як бахона доранд хомуш истед ки чанг мешавад свет талаб накунед хукуки худатонро талаб накунед хулоса мо харкореки кардем хомуш истедки боз солхои 90ум нашавад. Нав фахмидемки ин шиорро аз хочагони русашон ёдгирифтаанд. Ана инро мегуянд хочаи хоричи. Инхо аз чанг метарсонанд русия аз вайроншавии дустии. Нам плеват на таких дружба

Точик
Гам нахуред шарики стартеги, точик сохиб надорад холо мебинед хукумати точик боз чанд нафар точики дигарро дар ин кор гунахкор мекунад. Шумо ватан доред сохиб доред лек точик не ватан дораду не сохиб. Холо боз ба шумо орден хам медиханд.

Саид
Хамаи сабабаш маълум кудакро аз гуруснаги мурдаст.

миллат
О своей репутации нужно было заранее думать господа русские дипломаты. Никакая дружба не залепет утрату этого младенца и эта смерть будет стоят на вашей совести в первую очередь.

Дусти
Садсолахо наздик мешавем,шарики стротегистем аммо бубинед авхоли мухочирони тчро,ба фр садхо гузашт кардем,аммо фр хар сол барои мухочирон конуни будубош ва корро мушкил мекунад. Магар дустии шумо дар ихрочи садхо хазор мухочирон бо чаримахои сангин ифода мешавад товарищи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)