Муҷрии барнома аз ҳомии ҳуқуқи тоҷики муқими Русия мепурсад, дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои мушобеҳ волидон бояд ба кӣ муроҷиат кунанд? Гавҳар Ҷӯраева дар посух мегӯяд, “дар Маскав ду созмоне ҳаст, ки ройгон фаъолият мебаранд. Дигарон аз ҳисоби муҳоҷирон пул кор мекунанд. Бахши иҷтимоии ин созмонҳо то як андоза вуҷуд дорад, аммо аз бахши ҳуқуқиашон асаре нест. Бино бар ин, дар ингуна ҳолатҳо бояд ба сафорати худ занг бизананд. Ба созмонҳои ҷамъиятӣ, ки ройгон фаъолият мекунанд”.
Раҳбари Бунёди “Муҳоҷират ва қонун” дар идома меафзояд: “Бубахшед, аммо барои кумак ба калисо ва масҷид мераванд. Барои он ки мо бо калисо ва масҷиди марказӣ ҳамкорӣ дорем. Агар мардум танҳо аз Худо кумак хоҳанд он қадар кори дурусте нест. Онҳо бояд аз ҷониби давлат ҳимоят шаванд”.
Умар Назаров, кӯдаки 5 моҳаи тоҷик дар пайи боздошти волидонаш аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар бемористон ҷон дод. Додситонии шаҳри Санкт-Петербург дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 109-и кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.