Бахшҳо

Хонум Ҳилларӣ Клинтон дар маркази исмоилиёни Душанбе

Дар «Маркази фарҳангии исмоилиён»-и шаҳри Душанбе мулоқоти вазири умури хориҷаи ИМА бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мадании Тоҷикистон идома дорад.


Тибқи иттилои хабарнигори «Озодагон», ки дар ин маҳфил- вохӯрӣ бо бону Ҳилларӣ  Клинтон ширкат дорад, дидори Клинтон аз Тоҷикистон маҳз бо мулоқоти институти шаҳрвандӣ шурӯъ гардидааст, ки ин «омили мусбӣ»-и сафари ӯ маҳсуб мегардад.

Ёдрас менамоем,  Ҳилларӣ Родҳэм Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА шоми дирӯз (21-уми октябр, соати 20-00) вориди Душанбе гардид.Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи пойтахт Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ашхоси баландпояи ҳукумати кишвар истиқбол карданд. Ҳамзамон, дар маросими пешвозгирии котиби давлатии Амрико, фиристодаи вижаи ИМА дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ- Роберт Блейк ва сафири ИМА дар ҶТ- Кеннет Гросс ширкат доштанд.

Виктория Нуланд, сухангӯи Котиби давлатии ИМА бо пахши як баёния ба расонаҳои Тоҷикистон иброз доштааст, ки Ҳилларӣ Клинтон рӯзҳои 22 ва 23 октябри соли 2011 ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сафар мекунад. Гуфтанист, тибқи нақшаи боздид аз Тоҷӣкистон Клинтон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот мекунад.Зимни ин нишастҳо масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА ва ҳамкориҳои минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Пас аз ин Ҳилларӣ Родҳэм Клинтон ба Тошканд сафар карда, бо райисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ва ҳамтои ӯзбакаш- Элёр Ғаниев дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад. Бону Клинтон дар он ҷо аз корхонаи "Ҷенерал Моторз Пауертрейн" боздид карда, шурӯъи "Барномаи соҳибкории технологӣ дар Осиёи Марказӣ" ва "Мусобиқаи Техно-Прайз"-ро эълом хоҳад кард.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)