Бахшҳо

Чаро депутати рус аз марги кӯдаки тоҷик нигарон асту вакили тоҷик аз мушкилоти худ мегӯяд?

Атохон ҒАНИЕВ

Депутат, ки намояндаи мардум дар парлумон аст, бояд чун табиби ҳозиқу дилсӯз доим дар ғами ҷомеа бошад. Дарк кунад, ки курсии парлумонӣ ин молии меросии падару бобои ӯ нест. Ва низ депутат шудани ӯ на ба он хотир аст, ки “мурғи давлат” ба сараш нишастааст.


Депутати парлумон монанди табибест, ки дардро мушаххас мекунаду илоҷи табобати онро ҷустуҷӯ менамояд. Аммо дар қиёс бо табиби воқеӣ вазифаи вакили парлумон муайян кардани дарди иҷтимоӣ аст ва пайдо намудани роҳи табобати он. Дуруст аст, ки табиб ҳам бемор мешавад. Вале табиби хуб он аст, ки сабабҳои бемории худро донад ва то ҳадди имкон онро муолиҷа карда тавонад. Аммо чун табиб надонад, ки аз чӣ бемор шудааст ва ба кӣ муроҷиат кунад, вазъият душвор хоҳад шуд. Аслан табиби ҳозиқ на танҳо дар фикри худ, балки саломатии дигарон низ ҳаст, зеро медонад, ки дарди як нафар чун пешгирӣ карда нашавад, ба дигаре низ метавонад сироят кунад.

Депутат, ки намояндаи мардум дар парлумон аст, бояд чун табиби ҳозиқу дилсӯз доим дар ғами ҷомеа бошад. Дарк кунад, ки курсии парлумонӣ ин молии меросии падару бобои ӯ нест. Ва низ депутат шудани ӯ на ба он хотир аст, ки “мурғи давлат” ба сараш нишастааст.

Дар замони шуравӣ ин чанд мисраъро қариб ҳар кӯдаке азёд медонист:
Ман калон мешавам,
Қаҳрамон мешавам....
Имрӯз шиорҳо дигар шудааст.
Акнун кӯдакони имрӯз орзу доранд, ки чун калон шуданд, “бизнесмен” шаванд ё раис ё ҳеч набошад депутат. Депутат, ки шудӣ, аз ҳеҷ раис камӣ надорӣ! Маоши арзанда дорӣ, мавқеи хуби ҷамъиятӣ ва дахлнопазирӣ таъмин, мошини хизматӣ бо ронанда интизори туянд.
Боз чӣ намерасад?

Вале албатта чун намояндаи мардум шудӣ, набояд фаромуш созӣ, ки дар барои ин ҳама имтиёзҳо масъулияте низ дорӣ дар пеши Худову интихобкунандагони худ. Ва ин масъулият туро водор мекунад,ки камтар аз мушкилоти худ ҳарф заниву бештар дар фикри ҷомеа бошӣ.

Аслан ду хабар дар васоити ахбори умум дар бораи ду намояндаи мардумӣ маро водор сохт, ки ин чанд сатрро рӯи коғаз биёрам. Хабари аввал, ки дар сомонаи “Озодагон” нашр шуд, дар бораи шикояти вакили парлумон ва роҳбари Ҳизби сотсиалистии кишвар Абдуҳалим Ғаффоров аз кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ба раҳбари ин ниҳод генерал Маҳмадсаид Саидов нақл мекунад. Мувофиқи суханони Абдуҳалим Ғаффоров, ҳангоми дар беморхона қарор доштанаш кормандони БДА рақами мошинаи ӯро кандаанд: “Ин чӣ гуна муносибати кормандони БДА бо вакили парлумон аст”-тааҷҷуб мекунад вакили парлумони Тоҷикистон.

Чун роҳбари БДА барои муаррифии тағйиротҳои як қонун ба парлумон омада буд, Ғаффоров низ дарҳол аз фурсати муносиб истифода бурда, дарҳол ба “ҳуҷум” гузашт. Дар мусоҳибааш бо хабарнигори "Озодагон" намояндаи мардумӣ меафзояд, ки “нозири БДА ҳаққи ҳатто тафтиши ҳуҷҷатҳои депутат ва кушодани дари мошинашро надорад”.

Аслан ман дар бораи он ки дар ин муомила кӣ ҳақ буд- вакили мардумӣ ё корманди БДА ҳарфе намезанам. Ва зидди он ҳам нестам, ки роҳбари ҳизби сотсиалистон дар маҷлиси парлумонӣ танҳо аз мушкилоти худ шикоят кард. Балки ҳадафи ман дигар аст. Яъне вакили мардумӣ бо истифода аз ваколатҳои худ метавонист вақти муаррифӣ мушкилоту душвориҳои ронандагони дигарро низ ба таваҷҷуҳи роҳбари БДА-и кишвар расонад. Ё аз набудани роҳҳои зеризаминӣ ё чароғакҳои роҳнамо дар баъзе мавзеъҳо ҳарф мезад, ки пиёдагардони зиёде роҳро убур мекунанду ронандаҳои “чапдаст” ҳатто лаҳзае таваққуф намекунанд, то онҳо бигзаранд. Ё ҳадди ақал дар бораи манъ кардани таваққуфи мошинҳо дар назди бозори “Саховат”-у дигар бозорҳо, ки боиси озори мардуми зиёд мешаванд. Албатта бо ин ҳама мушкилоти ҷомеа ҳал намешавад. Вале тавре мегӯянд, “аз мӯрачае мадад”. Як-ду мушкилоти ҷомеа, ҳарчанд ночиз бошад ҳам бо ёрию мусоидати вакилони мардумӣ ҳал шаванд, мардум сарфароз мегардаду мавқеи намояндагони мардумӣ дар ҷомеа меафзояд.

Бояд аз депутатҳои рус ибрат гирифт, ки на танҳо ташаббускору пешқадаманд, балки дар бораи ин ё он рӯйдодҳои муҳим дарҳол мавқеъ ва назари хешро баён мекунанд. Барои исботи ин суханҳо танҳо як мисол кофист. Пас аз марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки ба хотири мурофиаи судии модараш барои вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират ӯро аз модараш ҷудо карданд, дар қиёс бо вакилони мардумии тоҷик, ки хомуширо авло донистанд, депутати Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург Борис Вишневский мавқеи хешро ошкоро баён дошт. “Ин ҷинояти золимона ва хеле даҳшатнок аст”-изҳор намуд вакили рус дар бораи куштори кӯдаки тоҷик.

Вакили мардумӣ чунин меҳисобад,ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаққи ҷудо кардани кӯдакро аз модар надоштанд. “Агар кӯдак ба кӯмаки тиббӣ мӯҳтоҷ буд, пас ӯро бояд бо ҳамроҳии модараш бистарӣ мекарданд. Истинод ба он,ки модар бояд дар он вақт дар мурофиаи судӣ ширкат мекард,- тамоюли ғайриинсонист. Наход суд наметавонист чанд муддат сабр кунад?,-бо изтироб суол медиҳад вакили мардумии рус.

Намояндаи Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург Борис Вишневский бо баён кардани изҳорот қонеъ нашуда, бо истифода аз ваколати худ ба унвони прокурори Петербург Сергей Литвиненко мактуб навишта талаб кардааст, ки тафтишоти ин қазияро дар зери назорати прокурорӣ нигоҳ дорад ва ҷазо гирифтани ҷинояткоронро таъмин намояд.

Фикр мекунам, ки вакили мардумии як вилояти Русия бо ин талаби инсондӯстонаи худ дар дили мардуми зиёди тоҷик нисбат ба худ меҳре пайдо кард. Албатта ҳар як вакили парлумони Тоҷикистон низ метавонанд дар қалби мардум ошён гузоранд. Вале барои ин андаке заҳмат бояд кашид. Агар намояндаи мардумӣ бо ташаббуси худ ба муҳокимаи парлумон қонунҳое пешниҳод намояд, ки дархӯри дарди мардум бошад, ниёзҳои воқеии мардумро ба вазорату идораҳои дахлдор расонад, пиёда дар байни мардум гардад ва ҳар кас тавонад бе мамониат ба ӯ муроҷиат кунаду вакили мардумӣ дар навбати худ муроҷиати ниёзмандро ба шахси масъул расонад ва билохира дар бораи рӯйдодҳои муҳими ҷомеа мавқеашро изҳор кунад, фикр намунам, ки чунин депутат ба тарғиботе ниёзе пайдо кунад. Он замон ӯ воқеан намояндаи мардумӣ хоҳад буд!
Мӯҳр
одамон
Агар вакилони точик хам бо раъйи мардумонаш интихоб мешуданд дар фикри халк мешуданд. Холо ки вазифаи вакили МН кнопкаи ХА- ро пахш кардан аст, кам кам фикри худашро накунад намешавад

Ассисент.
Браво!!огоиАтохон ганиев мавзуи бехтарин ва.доги.рузро матрах кардед.офарин.ба.депутати вишневский.

Комилан дуруст кардед.

аҷиб аст депутати рус аз ҳуқуқи Тоҷику Тоҷикистони дифоъ мекунад аммо депутати Тоҷик бошад аз халқи худ бе хавар ки халқ чи гуна зиндагӣ мекунад.

Рахмат ба ин маколанавис

Вакил хамон вакт аз фикри химояи манфиатхои мардум мешавад, ки агар уро мардум интихоб карда бошанд. Мебахшед агар дар Точикистон интихоботи шафоф мешуд ягон вакилони имрузаи мо хатто то даромадгохи МО наздик намеафтоданд. Вакилони мо нагз медонанд, ки онхоро ки ба парлумон чой додааст танхо дар васфи у суруду тарона эчод мекунанду халос.

Mansur
Офарин бародар! хеле суханхои хуб! Умед дорам ки ба гуши депутатхо ин мерасаду онхо дар фикри мушкилоти танхо худ неву дар пайи мушкилоти мардум мешаванд агар онхо дар хакикат депутати мардуми бошанд на нафсони. ДАР ХАКИКАТ ПРОБЛЕМАИ КАЛОН ИН РИОЯ НАКАРДАНИ КОИДАИ ХАРАКТИ РОХ ВА БЕМАСЪУЛИЯТИИ БДА АСТ ХОЛО. МАН НАДИДАМ ФОИДАИ ХАМИН БДА РО БАРОИ ХАЛК БОВАР КУНЕД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)