Бахшҳо

Абдуқодири Рустам: Чун ҳувият надорем, чӣ тавр метавонем мутаҳҳид бошем?

Андрей Грозин, раҳбари шӯъбаи Пажуҳишгоҳи ИДМ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз натавонистаанд консепсияи кишварсозию идеологиро коркард созанд, то мардумро муттаҳид кунад. “Озодагон” дар пасманзари ин ҳарфи Андрей Грозин аз соҳибназарон пурсид: ДАР ТОҶИКИСТОН ҒОЯИ МУТТАҲИДСОЗИ МАРДУМ ВУҶУД ДОРАД?


Абдуқодири РУСТАМ, нависанда

Ҳеч идеологияе мардумро наметавонад муттаҳид бикунад. Он чи ки қавмеро муттаҳид месозад ва ба сатҳи миллат боло мебарад ҳувияти ягона ва арзишҳои умумимиллӣ аст. Ҳувияти ягона ва арзишҳои умумии мо асрҳо пеш дар заминаи ду рукни бузурги эроният, ки тоҷикият шохаи муқтадире аз он аст ва Ислом шакл гирифтааст. Мо дар замони Шӯравӣ (бо вуҷуди дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва бунёди заминаи давлати миллӣ) бисёре аз унсурҳои муҳими созандаи ин ду рукнро аз даст додем. Ва бисту чаҳор сол шуда, ки соҳибистиқлол ҳастем, аммо то кунун на танҳо натавонистаем ин унсурҳоро дубора ба кор бигирем, балки бо онҳо муқобилаи шадид низ мекунем. Манзури ман - барқарории номи асли забон, яъне форсӣ, бозгашт ба алифбои миллӣ, яъне алифбои форсии арабиасос, корбурди тақвими миллии исломии солшумории шамсӣ аст ва ҳамчунин ривоҷи улуми динӣ дар заминаи мазҳаби ҳанафӣ. Бидуни ин ҳама ҳувияти мо комил нест, балки мо ҳувият ҳам надорем. Ва чун ҳувият надорем, чӣ тавр метавонем мутаҳҳид бошему миллат бишавем?

Бахтиёр САТТОРӢ, таҳлилгар

Он чизеро, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон, аз қабили ватандӯстӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, даст кашидан аз либоси “бегона” ҳамчун идеология пешниҳод мекунанд, идеология нест. Ин феҳрасти хостаю даъватҳои ҳукуматдорон аст. Идеологияи давлатӣ пеш аз ҳама мақсадҳои фарогиранд, ки дар доираи онҳо ислоҳот гузаронда шуда, дар муддати муайян боиси беҳбуди зиндагии мардум мешаванд. Як идеяи миллӣ-сохтмони НБО-и Роғун буд, ки метавонист ҳаёти беҳтари мардум, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, рушди саноатро таъмин кунад, аммо ба шарофати мансабдорон ба маъракаи ҷамъоварии маҷбурии маблағ табдил ёфт. Айни ҳол ман ягон нишонаи идеяи миллиро намебинам, ки мардум огоҳона атрофи он муттаҳид шаванд. Аз як тараф ба тарафи дигар париданҳо ҳаст ва сиёсати ҳазмшудаи давлатӣ дар ин масъала вуҷуд надорад.

Алӣ МАСТОВ, сиёсатшинос

Идеологияи муттаҳидкунанда шомили идея ва усулҳоест, ки дар онҳо иқтисоди бозоргонӣ, ҷомеаи маданӣ бо арзишҳои демократӣ, сиёсати рақобати озоду идеологияи возеҳу дақиқ ҷо дорад. Дар вақташ маҳз набудани усули асосии идеологияи мунсаҷим ба фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ оварда расонд, ки дар он тамоми масоил ба тартиби довталабона-иҷборӣ ҳаллу фасл мешуданд. Тақрибан дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ (минҷумла дар кишвари мо) то ҳол сиёсати идеологии мунсаҷим вуҷуд надорад. Бо зӯр муттаҳид шудан зери идеологияи бегонаи сохта роҳи раҳоӣ нест, балки баръакс барои ҳар кишваре зиёнбор аст.

Диловар РАҶАБОВ, иқтисоддон

Ба фикри ман дар Тоҷикистон чунин идеологияи мутаҳидкунандаи мардум вуҷуд дорад ва хушбахтона ин идиология сол ба сол дар байни мардум паҳн гашта истодааст. Бубинед, дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки минтақаҳои гуногуни кишвар тақсим шуда, сокинони ин минтақаҳо (Бадахшон, Кӯлоб, Қартегин) бо ҳам душмантарошӣ доштанд, баъди ба даст овардани сулҳи тоҷикон иделогияи душмантарошӣ ба идеологияи мутаҳидкунӣ табдил гашт, яъне сокинони ин минтақаҳо бо ҳам хешу таборӣ карданд. Духтарони худро минтақаи Кӯлоб ба писарони минтақаи Қаротегин ё баръакс Қаротегин ба Кӯлоб хостгорӣ намуданд, аз он ҷумла Бадахшониҳо низ бо Кӯлобиҳо хешу табор гаштанд. Он душмантарошие, ки дар сиёсати имрӯза гоҳ-гоҳ ба назар мерасад, бубинед, ки мардумро бо якдигар душман карда натавонистанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад ки идеологияи мутаҳидкунанда вуҷуд дорад.

Умед ҶАЙҲОНӢ, фарҳангшинос

Бале, чунин идеулужие вуҷуд дорад ва он ҳамин Ислом аст. На Қонуни асосии кишвар, на қарорҳои давлат ин мардумро муттаҳид намекунад, ҷуз шароъеи Ислом, ки ҳама онро мепазиранду агар ҳам саддарсад риоят накунанд, лоақалл аз нақз карданашон худдорӣ мекунанд.

Зулайхо УСМОНОВА, коршинос

Ба фикри ман, мардумро ягон намуди идеология муттаҳид карда наметавонад. Мардуми оддӣ (омма) чизҳои оддиро мехоҳанд, на рамзҳои печида: хӯрок, ҷои зист, кори хуб, имконияти пул кор кардан. Вақте ҳамин имкониятҳои аққалӣ фароҳам ҳастанд, мардум метавонанд дар сатҳи дигари сиёсӣ - ҷамъиятӣ фаъол шаванд.
Мӯҳр
Мехр
"Умед ҶАЙҲОНӢ, фарҳангшинос

Бале, чунин идеулужие вуҷуд дорад ва он ҳамин Ислом аст. На Қонуни асосии кишвар, на қарорҳои давлат ин мардумро муттаҳид намекунад, ҷуз шароъеи Ислом, ки ҳама онро мепазиранду агар ҳам саддарсад риоят накунанд, лоақалл аз нақз карданашон худдорӣ мекунанд."
Киё Умед, инро аз тачрибаи Афгонистон гуфтед? Ё Ливиё, ё Сурия, ё Ирок ё...
Хар ки наомухт зи гузашти рузгор,
Низ наомузад зи хеч омузгор
Устод Рудаки

Устод А. Рустам, чи тур Шурави метавонист хувияти иронии набудаи моро аз байн барад. Ё магар фаромуш кардед, ки аз точикон дар солхои бистум мепурсидан миллатат чист мегуфтанд мусалмон? Ин замони Шурави буд ки мардум тавонист аз хувияти иронии худ тавассути асархо Айни ва Гафуров шинос шавад. То ин дар ку китоби омавие ки онхоро бо хувияти иронии худ ошно карда метвонист? Шохнома танхо барои андак шахсон фахмо буду бас. Хувиятро наметавон бу ду рукни бо хам зид яъне ироният ва ислом, сохт. Якешро интихрб кардан даркор. Ин интихоб мардонаги мехохаду шучоат.

Rohguzar
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)