Бахшҳо

Телевизиони “Варзиш” коргар меҷӯяд: Маош аз 880 то 1567 сомонӣ...

Раёсати телевизиони “Варзиш”, шабакаи навтаъсиси давлатӣ дар Тоҷикистон барои қабули коргарон озмун эълон намудааст.

Ин шабака эълон кардааст, ки шахсони дорои маълумоти олӣ ва синни аз 23 то 45 сола метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба Хонаи Радио, дар кӯчаи Чапаеви Душанбе пешниҳод кунанд. Масъулин ҳаҷми маоши коргаронро аз 880 сомонӣ то 1567 сомонӣ арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки санаи охирони пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 1 ноябр мебошад. “Маош барои кормандон аз руйи ихтисосҳо - муҳаррир, коргардон, наттоқ, наворбардор, муҳандису дигарон аз аз 880 сомонӣ 1 ҳазору 567 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти бештар бо рақамҳои 227 65 69 дар тамос шаванд”.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон ҳадди ниҳоии кормандони телевизиони нави давлатӣ-“Варзиш”-ро 113 нафар муайян карда буд, ки аз ҳисоби буҷа маош хоҳанд гирифт.

Тибқи қарори ҳукумат телевизиони нав дар кӯчаи Беҳзод 25 ҷойгир хоҳад шуд ва тӯли 24 соат бо забони давлатию дигар забонҳо барнома пахш мекунад. Ба Вазорати молия дастур дода шудааст, ки аз нигоҳи молиявӣ фаъолияти телевизиони навро аз 1 январи соли 2016 таъмин намояд.
Мӯҳр
Салом! Номи Шухрат. Ман 22 сол дорам. Ман мехохам дар шабакаи навтахсиси "Варзиш" ба кор дароям. Маълумотам олии нопура мебошад. Ихтисосам: "Системаи таъминотии бехатарии маълумот"-(дар компютер) мебошад. Донистан мехохам, ки ман метавонам дар шабакаи навтахсиси "Варзиш" ба кор дароям?

Маълумотам оли. Хатмкардаи Донишгохи технологии Точикистон. Факулта "Системахои таъминоти бехатарии маълумот"
тел : 934399199

афанди
Ура ба пеш бо телевизиони варзиш!!

Рахмат барои ташкили Тв Варзиш

55
Якто телевизиони мусики низ месохтен хуб буд чунки дар чт чунин телвизион нест

ман дар РТСУ рузноманигор 4-курс мехонам мехохам кор кунам

Tojik
Тв мусики уммумун даркор нееееееееееее

Салом мехохам ба телевезиони варзиш кордароям наворбардор монтаж

Хамин телвизонхои нав аз кухна ягон фарк надоштааст. Наворхоро аз каналхои Россия рубардор карда мегузоранд. Хамин наворхоро мо аз Россия тамошо карда метавонистем. Хаёл кардем, ки ягон навигари мешавад. Боз хамон рекламахои доруворихою осоишхонахо такрори хамун каналхои пештара. Пас чи фарк чи лозим буд харчи нав дар давраи бухрон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)