Бахшҳо
24 окт 2011 05:53Хабарҳои ҷаҳон

Шикасти «Манчестер Юнайтед» аз «Манчестер Ситӣ» бо ҳисоби калон

Тими «Манчестер Ситӣ» дар даври 9-уми мусобиқоти Англия дастаи «Манчестер Юнайтед»-ро «торумор» кард.


Ин бозии марказӣ, ки дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Лондон сурат пазируфт, ба қавли шореҳони варзиш сабқати ҳалкунандаи давр буд. Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ, бозигарони «Ситӣ» -Марио Балотеллӣ ва Эдин Ҷеко ду тубӣ ба самар расонида, қаҳрамони бозӣ шинохта шуданд. Балотеллӣ, ки рӯзи шанбе дар манзили зисташ оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваста буд, дар дақиқаҳои 22-юм ва 60-ум шаҳди «гол»-ро ба «МЮ» чашонд. Ба ҷуз ин, Ҷоннӣ Эванс, муҳофизатгари «МЮ» барои рафтори дағалонааш, ки бо Балотеллӣ раво дид, корти сурх гирифта, майдонро тарк кард.     Ҷеко  дар дақиқаҳои 90 ва 93, Давид Силва дар дақиқаи 91-ум муаллифони голҳо гаштанд. Ин бозӣ бо ҳисоби 6:1 ба нафъи тими «Манчестер Ситӣ» анҷом пазируфт.

Гуфта мешавад, «МЮ» аз соли 1955 ба ин сӯ дар бозиҳои хонагӣ бо чунин ҳисоби калон шикаст нахӯрда буд. «Арсенал»-и Лондон дар майдони худ «Сток Ситӣ»-ро бо натиҷаи 3:1 мағлуб кард. «Эвертон»-и Ливерпул ҳам дар сафар дар шаҳри Лондон «Фулхэм»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ҳамин тавр, «Манчестер Ситӣ» дар 9 бозӣ 25 имтиёз ба даст оварда, зинаи аввали мусобиқоти премйер-лигаи Англияро соҳиб аст. «МЮ» бо 20 хол дар ҷойи дуввум ва  «Челсӣ»-и Роман Абрамовичи рус 19 имтиёз дар мақоми севвум қарор дорад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)