Бахшҳо

Накӯкории навбатии Шафеъзода: Маблағи ҷамъшударо ба Насриддин додааст

Забеҳулло Шафеъзода, ронандаи 25-солаи таксӣ дар Маскав, ки ҳафтаи гузашта бо накӯкорияш рунетро ба ваҷд овард, маблағҳоеро, ки шаҳрвандон ба суратҳисобаш гузарондаанд, барои табобати Насриддини 2-сола равона кардааст.

Шафеъзода мегӯяд, 7 ҳазору 550 рублро, ки то ҳол ба суратҳисобаш гузаштаанд, барои кӯмак ба Насриддини 2 сола, кӯдаки маризе, ки волидонаш аз ӯ даст кашидаанд, ба фонди “Белла” супоридааст: “Аммо, ҳоло ҳам ба ҳисобам пул мерасад. Ҳар қадар пуле, ки дарёфт мекунам ба бунёди “Бэлла” медиҳам”.

Шафеъзода, сокини деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент, ки аз соли 2008 дар Маскав ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, ҳафтаи гузашта ҳамёни гумшудаи Алёна Куратова, як зани русро бо пулу кортҳои бонкияш баргардонда, вирди забонҳо шуд. Ӯ мегӯяд, “ман чунин тарбият дидаам, ки ҳар чизи бегонаро, ки пайдо кунам бояд баргардонам. Ин гуна таваҷҷуҳро ҳам мунтазир набудам”.

Худи Алёна Куратова дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, баъди гирифтани паёмак, ки “я нашол ваши кашелки, званите” гумон кардам, ки кори қаллобон аст: “Яъне, занг мезанӣ ва аз ҳисобат ҳазор рублро мегиранд. Вақте ба корти бонкии дигарам пайёмак расид ба ин андешидам, ки аз куҷо шумораи кортҳои бонкии маро медонад. Вақте ҳамёнамро суроғ кардам, фаҳмидам, ки бо ҳамаи кортҳои бонкиям ҳамёнамро гум кардаам. Ташаккур аз шумо ҷавоне бо номи Шофеъзода, ки ҳамёни гумшудаи маро то даромадгоҳи хонаам расондӣ. Эътимодамро ба инсоният устувор кардӣ!”

Дар пайи ин паём корбарони интернет як “флешмоб” ба хотири қадрдонии иқдоми Зебеҳулло ташкил карда, дар ҳаҷми 50 ва 100 рубл ба рақами телефонаш маблағ гузарондаанд.

Забеҳулло Шофеъзода дар суҳбат бо расонаҳои Русия гуфтааст, ҳамёнро замоне ёфт, ки мошинро дар канори роҳ нигоҳ дошта, хост вориди мағоза шавад. Чун суроғаю рақами телефони соҳибро дар ҳамён наёфтааст, Шафеъзода барои баргардондани ҳамён аз шеваи дигар кор мегирад. Ӯ ба яке аз кортҳои бонкӣ каме пул интиқол дод ва ҳамроҳ бо он шумораи телефони худро низ ирсол кардааст. Аммо, аз соҳиби корт посухе намегирад. Забеҳулло гуфтааст, ки шояд Алёна, соҳиби ҳамён, фикр карда, ки ӯ як қаллоб бошад ва дубора ба корти дигараш каме пул ҳамроҳ бо шумораи телефон ирсол мекунад.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ рафтани ин хабар ба ҳисоби бонкии ӯ пул меояд ва паёмҳое бо арзи сипосу ташаккур гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз нашумурдааст, ки ба ҳисоби бонкиаш чӣ миқдор пул расидааст, аммо тасмим гирифтааст, ки онро дар роҳи хайр сарф кунад: “Мехоҳам бо Алёна вохурам ва дар мавриди куҷо фиристодани ин пулҳо суҳбат кунем. Фикр мекунам онро ба интернат ё кӯдакистон медиҳам”.

Ҷавони тоҷик афзудааст, ки волидайнаш ҳоло аз ин рафтори ӯ хабар надоранд, аммо, “мутмаинам, ки онҳо хабардор мешаванд ва бо ман ифтихор мекунанд”. Аз намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба ӯ занг зада, барои кори хайраш изҳори ташаккур кардаанд.


Акси паёмаки Забеҳулло ба Алёна:

Накӯкории навбатии Шафеъзода: Маблағи ҷамъшударо ба Насриддин додааст
Мӯҳр
Ҳочи
Браво, Шафеъзода! Бо ин корат обруи тоҷикро дар Урусистон баланд карди!

Ахсан бародари азиз, кош худованд Шумобарин чавонони бо инсофа сафашонро зиёда бигардонад. Вокеъанхам мардуми Панчакенти бостони мардуми баинсофанд. наберахои Боби Рудаки ва Устод Лоик..

Musofir
Vaqto mo mekhostem az Domodedovo ba Sheremetovo safar kunem hamin ronandaro tagoish ki M. nom dorad telefon kard va bo maslihati u 1500 rubl rozigi dod, ammo vaqte mo ba Sheremetovo omadem I kudak az mo 2000 rubl talab kard bo kadom obru uro dastgiri kunem!!!!!!!!!!! Mo hamaruza hamyonhoi bosyore meyobem, va ba sohibonash bar megardonem ammo mo khudro REKLAMA nakardem!!! Ozodagon SHumo baroi chi hamesha mardumi PANJAKENTRO REKLAMA mekuned????????????????????????? Agar chop nakarded mo dar OK va Facebook memonem!!!!!!!!!!!!!in nashrrro

Дар мо мардум мегуянд, хар инсон дар руяш,дар чехрааш, нури Худованди дорад, е ки махрум аз он аст, Дар чехраи ин чавонмард он Нур мухайест..... Худованд нигахбон бошад..........

Содик
Офарин ба ин зодаи Панчакент. ибрат гиред!

мухочир
Ин озодагон рекламаю таърифро харгиз раво намебинад, балки маърифат мебахшад. Ишора мекунад, ки маърифат ва фарханги инсонгароиро аз мардуми Панчакент омухтан хуб аст на ба хотири махалгарои. Вокеан ман гарчанд шимоли нестам, лекин ифтихор мекунам аз хаммиллатам ки точик ном дораду харгиз аз имонаш нагузашта даст ба хиёнат дар амонат намезанад. Ахсан!!!!

Хайрият ёфт бечораи камбагал ана акнун рекламая зиёд кардангир модарата хостгори фирист Алёная келин кунад ))) .Подхалимства! Дар гариби мачбура аст чунин рвфтор кунад, набошад-"ДЕПОРТ". )))))

тоҷик
Офарин ба ин бача. Шумо ҳам агар ҳамён ёфтед ва баргардонидед, реклама кунед. Ин барои рекламаи худатон не, балки имиҷи миллати тоҷик аст. Ба ин бача чи часпидед? Шумо бо ҳамин бахилӣ ҳеч чиз нашудед ва дигаронро ҳам намемонед ки боло раванд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)