Бахшҳо

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки шоми 31 октябр барои “Истиқлол” дар сабқат бо “Ҷоҳор Дарул Такзим”-и Малайзия мухлисӣ мекард, дар пайи “гол”-и Истиқлол ба дарвозаи ҳариф дар дақиқаҳои иловагии бозӣ, баробари мухлисони дигар аз ҷо хеста, хурсандӣ кард.

Аммо эълони довари ҷопонӣ, ки ин гол ҳисоб нест, зеро аз ҳолати ғайрибозӣ вориди дарвоза шуд, президент ва мухлисони дигарро ба ҷояшон баргардонд: “Дар маҷмӯъ “Истиқлол” ба дарвозаи ҳариф се тӯб ворид кард, вале довари ҷопонӣ онҳоро ба ҳисоб нагирифт, зеро аз ҳолати ғайрибозӣ вориди дарвоза шудаанд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин бозӣ тавсиф кард, ки иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дӯстдорони воқеӣ ва тарғибгари басо фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар кишвар аст, натанҳо ба футболбозони тоҷик, балки ба кулли мардуми дар ин майдон ҷамъомада рӯҳу илҳоми тоза бахшид: "Бозӣ басо ҷолибу шавқовар ва бо шиддат ҷараён гирифт. Ҳарду даста ҳам барои ба даст овардани пирӯзӣ иродаи қавӣ ва маҳорату малакаи баланд нишон доданд. Бозӣ бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи дастаи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия анҷом ёфт".

Бохти “Истиқлол” дар бозии таърихӣ дар ҳолест, ки қаблан коршиносон дар ин сабқати ниҳоӣ барои Ҷоми Осиё ва 350 ҳазор доллари амрикоӣ пирӯзии дастаи “Тоҷикистон”-ро пешгӯӣ карда буданд.

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, дар шарҳи бохти дастааш ба хабарнигорон гуфт, бохт дар даври финалӣ ва пешорӯи мухлисон хеле таассуфовар аст. Сармураббии “Истиқлол” ба кулли мухлисон ва ҳаводорон, ки барои дастгирӣ омада буданд, изҳори ташаккур карда, афзуд: “Наметавонам бигӯям, ки нафаре дар ин бозӣ фаъол набуд. Мо албатта ин бозиро таҳлил мекунем. Ҳамеша дар бохти даста мураббӣ гунаҳкор аст”.

Ӯ дар идома изҳор дошт, ки ба кори доварон дахолат намекунад, “аммо аз се голи мо наход яктоаш ҳалол набошад? Фикр мекунам дар қисми аввал як маротиба ва дар қисми дувум ду бор сардовар бояд ҷаримаи ёздаҳметрӣ таъин мекард, аммо ӯ дар дурӣ буд ва ин лаҳзаҳоро нодида гирифт”.
Ҷаноби Эргашев илова кард, ки бозингаронаш хуб бозӣ карданд, аммо бахташон омад накард.

Марио Гомес, сармураббии тими “Ҷоҳор Дарул Такзим” дар пайи бозӣ изҳор доштааст, ки дарвозабон ва ҳимоятгаронаш хуб бозӣ карданду ҳамаи бозингаронаш аз рӯи нишондоди ӯ амал кардаанд: “Ин бозии бисёр хуб ва фазои беҳтарин дар майдон буд. “Истиқлол” маҳорати ҳамлагарии худро нишон дод ва чанд лаҳзаҳои созгор барои гол задан дошт, аммо мо равиши бозии худро тағйир дода, голи худамонро ба ҳадаф расонидем”.


Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)

Бохти таърихӣ: Аз ҷаҳидани Президент то гуноҳи Эргашев ва ишора ба хатоҳои довар (АКС)
Мӯҳр
Шоди
Ҷаноби Эргашев илова кард, ки бозингаронаш хуб бозӣ карданд, аммо бахташон омад накард....бахти шумо кай омад мекунад..ин кадар шароите ки барои шумо мухае кардаанд..бас будагист..ду маротибае ки Чаноби Оли барои тамошо ба майдон омад бозиро бохтед.. ..кор кардан лозим!

Акои Эргашев охи ба гап задан кор пеш намеравад. Бояд бисёртар бо бозингарон кор кардан лозим аст то дар чунин бозихо бурд намуд.

Darvesh
Шоди,
Janob baroi bozi ne baroi da'vati Rustamjon omadand!!!!!!!

Sharoit
Мо аз бойдодани Шумо алакай одат кардем хеч гап не БОЙДОДАН гиред.

Судя номарди кард набоша мо пируз мешудем

Беақл
Эээээ...
Номи командаро Бахтиёр монед, шояд бахтатон омад кунад.

Додарчон Гуломов
Садкаи кадами Чаноби Оли шен шарманда карден. Эргашев изо намекаши бо чунин сухан мегуи

Рустам
Чаноби Эргашев Аз шумода бехтар мурабии нахзтар М Мухамадиев буд ки ягон вакт бахташ омад накард Барои бахтат омад кунад Хешу таборбози дар Футбол кардан лозим нест Кор кардан лозим

Боакл
Беақл,

ХАМААШ АЙБИ ХНИТ!!!

ОЗОДАГОН НАТАРС ЧОП КУН!!!

Тутубалина
Мухтарам Эргашев! Шумо медонистед ки президенти кишвар дар бози иштирок мекунад, бояд шабхо хоб намерафтеду машк мекардед. Хеч ягон омад накарду насиб-масиб бахона намешавад. Ба чойи худсафедкуни дар оянда нангу номус кунеду боварии рохбари давлат ва мардуми Точикистонро ба чо биёред!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)