Бахшҳо

Шеърҳои нави Раҳнамо баъди ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим: Шукрона маҷбурӣ нест...

Абдуллоҳ Раҳнамо, сиёсатшинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар хабаргузории давлатии “Ховар” изҳор доштааст, ки ҳодисаҳои мудҳиши аввали моҳи сентябр бори дигар зеҳну вуҷуди ҳар як фарди ватандорро такон дод: “Ҳамаи мо дар як лаҳза дарёфтем, ки арзишҳои асливу ҳаётии мо, яъне ватани мо, давлати мо, суботу амнияти мо ва зиндагии осудаи ҳар яки мо дар маърази хатари бузурге қарор доштааст. Фақат лутфи Худованд, ваҳдату ҳамкории мардум ва родмардии ниҳодҳои қудратӣ тавонистанд балои бузургро аз сари ин кишвар ва аз болои ин мардум дур кунанд ва мо дубора нафаси осуда кашем”.

Ба навиштаи Раҳнамо дар пайи ошӯби Абдуҳалим Назарзода-Ҳоҷӣ Ҳалим дар аввали моҳи сентябр сайругашт ва хурсандии сокинон дар Душанбе кам шуда буд: “Тамоми тобистон ҳар бегоҳ аз канори фаввораҳои назди Театри опера ва балет мегузаштам. Атрофи фаввораҳо ҳамеша пур аз мардуме буд, ки бо кӯдакони худ села-села барои тамошову тафреҳ баромада, дар ҳавои мусиқию рангинкамони фаввора саргарми ҳаёти осоиштаи худ буданд. Аммо бегоҳии 5-уми сентябр, вақте ки овозаи он ҳодисаҳо дар шаҳр печида буд, дидам, ки мусиқии фаввораҳо чун пешина садо медод, аммо атрофи он холӣ буд: на модарон, на падарон, на тифлакон, на ҳаёҳую шодмонӣ, на пуфакфурӯшу на барқакфурӯшу на чархакбоз…”.

Бо зикри ин ҳолат Раҳнамо таъкид намудааст, ки ҳамин хиёбонҳои пур аз мардуми осуда ва ҳамин ҳаёҳӯи шодии тифлон дар атрофи фаввораҳои шаҳр худ як набзи зиндагӣ, як меъёри зиндаи суботу амнияти ҷомеа будааст...

Ин сиёсатшиноси маъруфи тоҷик чанд шеърашро нашр карда, ҳадафи онҳоро ёдоварии ҳамин муқаддасоти аслӣ, Ватан, Давлат, Ваҳдат, Субот, Амният ва Осудагӣ арзёбӣ кардааст.

Ҷойгоҳи Ватан

Қасам ба ишқи бузурге, ки нест поёнаш,
Қасам ба гардиши тақдири гирдгардонаш.
Қасам ба оби зулолаш, ки ройгон ҷорист,
Қасам ба вусъати таъриху кӯҳи имонаш.
Қасам ба ҷилди китобе, ки дар Бухоро сӯхт,
Қасам ба дастхати чармпӯши девонаш.
Қасам ба ҳурмати чӯби сафеди гаҳвора,
Қасам ба модари маъсуми покдомонаш.
Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерӯяд,
Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.
Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,
Қиём мекунад аз синаи зимистонаш…
Қасам ба бораи санге, ки Қасри миллат шуд,
Қасам ба мавҷи хати парчами парафшонаш.
Қасам ба ҳиммати марди бузурги ҷонбаркаф,
Ки ҷамъ кард ба тадбир халқи сарсонаш…
Муқаддас аст замине, ки модари таърих,
Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

Шукрона

Шукрона як амри маҷбур нест,
Муҳтоҷи фармону дастур нест.
Шукрона як рукни имони мост,
Фарҳанги халқи мусулмони мост.
З-ин рӯ ман аз решаву мағзи ҷон,
Шукрона дорам ба вирди забон.
Шукронаи обу хоки Ватан,
Шукронаи номи поки Ватан.
Шукронаи сарзамини баланд,
Шукронаи мардуми арҷманд.
Шукронаи гарму сарди ҳаёт,
Шукронаи бозгашти субот.
Шукронаи пойҳои равон,
Шукронаи наслҳои ҷавон…
Шукрона як амри маҷбур нест,
Мӯҳтоҷи фармону дастур нест.
Шукрона таълими дини ман аст,
Таълими дини мубини ман аст...

Ватанро мафурӯш

Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш,
Ғами имрӯз шавад пор, ватанро мафурӯш.
Пеши таърих мабодо, ки хиҷолат монӣ,
Рӯҳи аҷдод мададгор, ватанро мафурӯш.
Хати марзи ватан имрӯз хати номус аст,
Эй баномус ватандор, ватанро мафурӯш.
Сари болои ту Албурзи баланди нанг аст,
Ба дами теғу сари дор ватанро мафурӯш.
Ғарб то Шарқ ҳама манфиати худ ҷӯяд,
Ба фиреби ду ҷаҳонхор ватанро мафурӯш.
Нест шайхи арабу пири аҷам маҳрами ту,
На ба турку на ба тотор ватанро мафурӯш.
Сухани қудсии «ҳубби ватан аз имон аст»,
Шунав аз Сарвари Солор, ватанро мафурӯш.
Нанги савдои ватан то ба абад мемонад,
Марг бар ҷон хару зинҳор ватанро мафурӯш.
Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш…

Роҳати ҷон аст тоҷик

Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,
Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик,
Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,
Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Хандаҳои кӯдакони пахтасебаш нур дорад,
Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,
Дар ҷабини мӯсафедони базебаш нур дорад,
Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,
Хиттаи нангаш бузургу марзи номусаш баланд аст,
Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,
Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Пораи ноне агар рӯи замин бинад, бичинад,
Аз тараҳҳум об гардад гар ғариберо бубинад,
Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,
Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик.
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Мӯҳр
мухлис
Рахнамои чун, хамон нуктаи назаратонро дар бораи ХХДТ, ки он мохтоб аст, низ ба риштаи назм кашед, ки кайф карда хонем. Шумо ку метавонед як бор ин тараф ва чанд бор тарафи дигар гаштанба))))

Эгам
ВАОрам масхара карден кати и шеърборонтон. Кор надорен дигар?

То дируз бо Кабириву Хочихалим буди ва аз нону намаки эшон мехурди хатто хукуматро танкид низ мекарди ту

bobo
эээхххххххх Худо, ин маддохонро кучо барему бо инхо чи кор кунем а??? Дар диламон задаст хаммааш!!!!

Рахнамо ба дусти чонии худ Зайд Сайид вафо накарди .
Рахнамо рохро ба худ сохтиву тохти
Имруз ки ба дусти худ вафо накарди
Фардо на ба Кабиру Халим вафо хохи карди ?
Хай морам камтарак кушиш кардем .

Эй хамватвн
Огои Рахнамо аввал ин ки як шишиа оби оди 2 сомон аст баробар вахато горнтар аз нефт чу дар кишвархои ки нефт доран дар дохили кишварашон нефт аз оби ки дар тч аст барои мардум арзон аст 2 ин ки ЯКРУЗ ШУМО ХИЧОЛАТ мекашед. ман мутмаинам ки шумо хуб медонед ки пушаймон хохед шуд ва дар таърих хамчун шоири дарбори сабт хохед шуд

Мардин
Ин бачара айнакош хира шудаст, иваз бояд кард, калон карден , потона мегазад, дия! Ноасл агар мавло шавад, ....

Муҳаммад
Курнамак, нони касеро хурдану ба намакдонаш туф кардан ҷавонмардӣ нест.
Афсус мехурам бароят..............

ШАХИД
АНА БА ИН МЕГАН"СИЕСАТШИНОС" МАДДОХИ.....ВОКЕАН ИН СИЕСАТШИНОСУ ЗИЕИВУ ШОИРУ НАВИСАНДАГОНИ ИН ДАВРУ ЗАМОН ИНСОНХОИ БЕЧУРАТ ШУДААНД....ШУМО ТАСАВВУР КУНЕД НАСЛХОИ ОЯНДА ТА'РИХИ ИМРУЗАИ ТОЧИКИСТОНРО МУТОЛЕА КАРДА ЧИ ХУЛОСА МЕБАРОВАРДА БОШАНД...???

Огои Рахнамо! Аз кудакаиамон насихатамон мекарданд, ки зиёд касам нахурем. "Хар ки зиёд касам мехурад, ба у бовар накунед" мегуянд. Шумо хам ин кадар "касам - касам" гуфта ба хама чиз касам мехуред, ё ба касамхои хурдаатон кафорат ёфта метавонед?

Хооо душманони миллат агар касе бар зидди хочи хар халим ва кабири гапзана шумора намефора чун, ки шумохам ба мисли амуво як хоине беш нестен ва дар мардумкуши устухон надорем вагарна худованду паёмбараш куштори хатто куфорро ичозат надода буд кучо монад ба мусалмону хамватану дигару дигар марг ба шумобарин хоинони фурухташуда худо чазоятонро дихад медонам озодагон дар кучое агар зидди нахзат гап зананд ту чоп намекуниву хай ба хар хол нависондам.

Ман
Озодагон каментарияхоро чоп кн

Кормандони сомонаи Озодагон хар мох аз Эрон чандкадар мохона мегиред ва чаро шархи манро нопурра ва калимахое, ки хоину шиаи фурухта шуда дошт хафз кардед, Шумо вичдон доред наход ба хотири он шикамхои сарчарба вичдону номусу ватану миллату модару занхои худро ба шиаёни гумрох ба фуруш гузоред, кучост он номусу нанги шумо, магар мешавад чунин кор ба хотири як чосуси фурухта шуда чунин кард, аз Аллох тарсед, маълум аст ки тарс аз калби Шумо рабурда шудааст лекин ба хотири инсон буданатон вичдони инсониро аз даст надихед. Шумо бидонед, ки рузе хар як чиз пурсида мешавад на ин чосус ба дардатон мехураду на Хомайниву Хасан Рухонии кофир

Озодагон Шумо як сайте хастед, ки аз кофирон батаред

Xjyj,bk
Касам ба ин хама дуруг,
Касам ба ин хама фуруг,
Касам ба ин хама касамшикастахо
Ки чумла харфашон дуруг.
Ки чумла жарфашон дуруг.

Xjyj,bk
"Қасам ба оби зулолаш, ки ройгон ҷорист"
Вале пул медихад халк барои нушиданаш
"Қасам ба ҳурмати чӯби сафеди гаҳвора",
Ки панчмоха тифлашро дар хичрат мекушандаш.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)