Бахшҳо

Назарпурсӣ: Чаро Керрӣ аз “Роғун” нею аз манбаҳои алтернативии энергия суҳбат кард?

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон роҳи ҳалли мушкили камбуди барқашро дар бунёди нерӯгоҳи “Роғун” мебинад, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз манобеи алтернативии энергия суҳбат кард. Керрӣ бо зикри ихтилофҳо бо Узбакистон зарурати истифодаи манобеи гуногуни энергияро таъкид кард, то Тоҷикистон давоми 5 соли оянда ҳам талаботи дохилӣ ва ҳам Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон”аз коршиносон пурсид, ки чаро Ҷон Керрӣ аз «Роғун” нею аз сарчашмаҳои алтернативии барқ суҳбат кард?

Абдулло Ашуров, шореҳи масоили иқтисодӣ

Барои Амрико Тошканд калиди Осиёи Миёна буд ва мемонад. Бинобар ин Амрико дар масъалаи обу энержӣ ҳатаман бо назардошти манофеи Тошканд амал мекунад. Бо назардошти ин нукта мешавад гуфт, ки аз Амрико кумак дар марвиди сохтмони “Роғун”-ро набояд интизор шуд. Амрико агар кумак низ кунад барои сохтмони нерӯгоҳҳои оби барқии хурдтари дигар кумак мекунад ва ё барои нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ.

Абдуманнон Шералиев, коршинос

Ин ҳам як "пирӯзӣ" - и дипломатияи тоҷик аст. Чаро Ҷопон бо Туркманистон ба маблағи 18 миллиард $ бо Узбакистон 8 миллиард $ шартномаҳои ҳамкориву сармоягузорӣ имзо кард, аммо бо Тоҷикистон ҳамагӣ чандсад миллион ва он ҳам кӯмаки бебозгашт барои масалан мубориза бо малах? Ҷопон тоҷиконро хуш надорад? На, Ҷопон ҳеҷ фарқе байни кишварҳо намегузорад, барои онҳо муҳим тиҷорат ва мавқеъ аст, аммо ин ҳукуматҳоянд, ки бояд ҷопониҳоро бовар кунонанд, ки сармояи воридкардаашон фоида хоҳад овард. Вақте мардак бо 50 миллиард вориди кишвар шуд ва шумо аз малах шикоят кардед, у бояд чӣ кор кунад? Дар ҳоле ки шумо боз панҷ рақиби дигар ҳам доред, ки ба ин 50 миллиард чашм дӯхтаанд. Керрӣ ҳатман аз “Роғун” мегуфт, агар дипломатҳои тоҷик мутмаъинаш мекарданд, ки “Роғун” на танҳо ба Тоҷикистону минтақа, ҳатто ба Амрико фоида дорад. Аммо шояд барои касе малах муҳимтар аз “Роғун” будааст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгар

Ман гумон мекунам, ки дар ин шабу рӯз чунин посухро на танҳо аз Ҷон Керрӣ, балки аз ҳар як меҳмони дигар метавон интизор шуд. Сохтмони НОБ-и “Роғун” кайҳо аз мушкили иқтисодӣ ба мушкили сиёсӣ табдил ёфтааст ва мо ҳама инро медонем (шояд баъзеҳо эътироф кардан нахоҳанд, вале воқеият чунин аст). Ва Узбакистон дар ин “баҳси сиёсӣ” алҳол ғолиб омада истодааст. Минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯзҳо ба яке аз манотиқи муҳими (агарчанде ноором бошад ҳам) дунё табдил ёфтааст, ки бозингарони асосӣ (Амрико, Хитой, Русия ва Эрон) мехоҳанд нуфузи худро дар он зиёд кунанд. Вале ин “бозингарон” ҳангоми пешбурди манфиатҳои худ ҳатман нуфузи кишварҳои Осиёи Миёнаро ба назар мегиранд, то муайян кунанд, ки бо кадоме аз онҳо “дӯстии” бештар дошта бошанду ба кадоме камтар аҳамият диҳанд. Мусаллам аст, ки Узбакистон дар минтақаи ОМ аз бонуфузтарин кишварҳо маҳсуб мешаваду (чӣ аз назари ҷуғрофӣ ва чӣ аз иқтисодиву ҳарбӣ) вазъи минтақа бештар ба вазъияти ин кишвар бастагӣ дорад. Ва табиист, ки Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида, агарчанде аз аҳамияти НОБ-и “Роғун” барои Тоҷикистон огоҳ аст, ҳангоми гуфтушунид бо ҷаноби Раҳмон (бо назрдошти мавқеи Узбакистон дар ин масъала) ин масъаларо матраҳ накард ва ба ҷои он “сарчашмаҳои алтернативӣ” гуфт. Ин “сарчашмаҳои алтернативӣ” кадом ҳастанд? Ба андешаи ман, боз ҳам ҳамон неругоҳҳои обӣ, вале бо баландии камтар ва бо теъдоди зиёдтар, ки дар маҷмӯъ ҳамон миқдори барқ истеҳсол мекунанд, ки “Роғун” бояд кунад. Ман гумон намекунам, ки касе дар Тоҷикистон хоҳиши сохтани неругоҳи атомӣ (он чӣ мо аз Ҷопон хостем) ва ё бодӣ ва ё дигар намуди онро дошта бошад, чун ҳамаи онҳо аз назари иқтисодӣ гаронбаҳоанд. Вале як чизи дигарро набояд фаромӯш кард: ҳар чӣ қадаре, ки Ҷон Керрӣ ва дигар сиёсатмадорони ғарбӣ дар мавзӯи инвеститсияҳои “эҳтимолӣ” ваъда надиҳанд, ҳеҷ кадоме аз ин ваъдаҳо амалӣ наҳоҳанд гашт, чун Ғарб ин Русия ва ё Хитой нест, ки тавонад лоиҳаҳои иқтисодии “сиёсӣ”-ро дар чунин кишварҳои, аз назари Ғарб “автократӣ” ба мисли Тоҷикистон амалӣ созад. Барои маблағгузорӣ Ғарб талаботи худро дорад: таъмини озодиҳои асосӣ, барҳам додани коррупсия, осон кардани шароити соҳибкорӣ, сиёсати дурусти андозбандӣ ва ғайра. Яъне, ҳама он чизе, ки Тоҷикистон, мутаассифона, (боз ҳам аз рӯи меъёрҳои ғарбӣ) имрӯз надорад. Бинобар ин, Тоҷикистонро зарур аст, ки “ба умеди Худо шаваду, вале буттаро маҳкамтар дорад”.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, коршинос

Аз нигоҳи ман ин нишонгари он аст, ки Амрико намехоҳад ба ҳайси довар дар байни Узбекистону Тоҷикистон бошад ва илова бар ин нишон дод, ки дар Осиёи Миёна Амрико муносибаташро бо Узбекистон авлотар медонад. Ғайр аз ин ман нисбати ин ташрифи Керрӣ нисбати ягон масъалаи доғи рӯзи Тоҷикистон хушбин набудам. Дар сиёсати хориҷии Амрико Осиёи Миёна дар маҷмӯъ ва Тоҷикистон дар алоҳидагӣ аз авлавиятҳо шумурда намешаванд. Ба гуфи тоҷикон, гуш карду рафт.

Сироҷов Ҳафиз, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе

Ҳукумати Амрико қаблан мухолифаташро алайҳи садду обанбборҳои бузург дар сартосари ҷаҳон эълон карда буд. Фикр мекунам, дар мавриди “Роғун”- и Тоҷикистон низ Амрико бар ин мавқеаш устувор аст ва ба ҷои «Роғун» таъмини барқ аз ҳисоби манобеи дигар ё нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва миёнаро авлотар медонад.
Мӯҳр
Карим
Шерзамонов - панҷ! Ҳамфикрам.
Қодиров дуруст қайд кард, ки "ҳар чӣ қадаре, ки Ҷон Керрӣ ва дигар сиёсатмадорони ғарбӣ дар мавзӯи инвеститсияҳои “эҳтимолӣ” ваъда надиҳанд, ҳеҷ кадоме аз ин ваъдаҳо амалӣ наҳоҳанд гашт", лекин на аз сабаби "автократӣ" будани давлати мо (ИМА ба давлатҳои подшоҳӣ ва теократӣ ёри мерасонад), ғарбиён беғараз нестанд.
Айни ҳол диданд, ки Тоҷикистон дар ин масъала каме пеш рафт, ҳамроҳ шуданд, ки баъдан гуё кӯмаки онҳо ҳалкунанда буд. Монанди кушодани фронти дуюм дар Ҷанги ҷаҳонии 2

Darvesh
Ba hamai Shumoyon rushanfikro az on jumla ba Karim Ashurov va digaron!!! Khulosai asosi hamin ast!!! Agar hukumati Tojikiston az pushti Russiya namedavid imrzu KERRI meguft ki sozen ROGUNRO! az sababi on ki HUKUMATI TJK az pasi Russiya medavad va murdai khudroo ba on partoftaast. Amrico tamoman ba TJK kumak namekunad. Baroi in az chiz hej chiz khafa nashaven ki Amrico pushtiboni TOSHKAND ast!!!!!!! Muhojiri Uzbekiston bisyortar az muhojiri tojik dar russiya ast ammo hukumati Uzbek metavonad ki boz siyosati khudro bo amrico niz dar yak sathi muayan nigoh dorad!!!!!!

бойбача
Дарвеш фикри манро гуфта саломат боши

axilec
Ба фикрам мо бояд ба Россия сахт эътимод накунем, чунки россия худро бо мо дуст намешуморад у моро ба мисли як гуломи дар халка буда медонаду мехохад то охир мо ба у хизматгор бошем.....Ва ин дар хакикат хозир чунин шудааст. Минтакае, ки нархаш миллиард доллар асту онхо 245 миллион карзи набударо заданду (Окно Нурек) объекти кайхони , ки соли 1989 сохта шудааст муфтакак гирифтанд....дуюм армияи 201 дивизияе, ки мисли неприкосновенный депутат чи коре хохад дар Точикистон мекунад...Сеюм мо бояд чоррахои катъи дида мардуми дар руссия будаи худро (якуним миллион) оварда сохиби кору рузгору хона карда тавонем аз асорати ин сиёсатхо халос мешавем аммо..... иншоаллох банда баумед

Точикро чию тахлил ба як мушт замини бахсноку миллати нотифок дар Россия Башкирия бо фасле ки 100 -120 рузи офтоби дорад, неругохи офтоби дар чор мох бо иктидори 110 МГВТ сохта 2000 оиларо бо барки доими таъмин намуданд Шумо зиеда аз 20 сол бахс мекунеду душман мекобед айб аст охир аз худатон шарм намекунед.

навруз
axilec,
Орзу айб не???????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)