Бахшҳо
04 ноя 2015 10:39Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раҳимзода: Бе санҷишҳои ғайринақшавӣ намешавад...

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 4 ноябр дар пайи баррасии дубора қонун дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро, ки ба коҳиши теъдоди санҷишҳою санҷишкунандаҳо равона шудааст, қабул кард.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, камбуду ихтилофҳое, ки дар ҷаласаи гузашта дар лоиҳа дарёфт гардиданд, феълан бартараф шуданд.

Раҳимзода дар мавриди санҷишҳои ғайринақшавии корхонаҳо изҳор дошт, ки дар қонуни нав теъдодашон то 10 фоиз муайян шудааст. Ӯ афзуд, бе санҷишҳои ғайринақшавӣ намешавад ва таъкид намуд, ки чунин санҷишҳо вобаста ба хавфи нақзи қонун дар корхонаҳо гузаронда хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода тибқи қонуни нав санҷиш дар корхонаҳое, ки хавфи нақзи қонун дар он ҷо кам аст, дар панҷ сол як бор гузаронда мешавад.

Ӯ таъкид кард, ки меъёри қонуни мазкур дар бораи санҷишҳои ғайринақшавӣ, ки то 10 дарсад муайян шудаанд, аз соли 2018 мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки вакилони парлумон дар ҷаласаи гузашта лоиҳаи қонун дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидориро барои нофаҳмиҳо дар чанд модда барои баррасии бештар баргардонданд.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошта буд, ки қонуни мазкур коҳиши теъдоди санҷишҳо ва мақомоти санҷишкунандаро пешбинӣ мекунад. Ӯ таъкид кард, ки феълан дар Тоҷикистон 137 мақоми санҷишӣ фаъолият доранд, ки ин аз ҳад зиёд аст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ин робита изҳор дошт, ки яке масоили мушкилзою безобиткунанда барои субъектҳои хоҷагидорӣ санҷишҳори такрории мақомот мебошад. Ӯ хост, ки ин масъала зери назорат қарор дода шавад.
Мӯҳр
Точикистон Давлати майда мебошад ва 137 макомоти санчиши ин бенихоят зиёд аст. Чунин адади бисёри макомотхои санчиши дилхунук мекунад сармоягузоронро дар кишвар ва касе ба чунин кишвар хеч гох сармоягузори намекунад, чунки гуфти русхо "им это не выгодно" ва адади Сохибкоронхам руз ба руз кам мешаваду як чанд сол пас бучет охиста охиста хороб мешаваду Давлат кашшок!!!
Бояд ба ягон фикри мардаки биоянду Сохибкоронро гам надиханд монанд озод кор кунанд.

БАРОИ ЧИ БЕ САНЧИШИ ГАЙРИНАКШАВИ НАМЕШУДАСТ??? ЧАРО САБАБАШРО НАМЕГУЕД? ЧАРО КОРХОНАИ САНЧИШ КАРДА ШУДАРО ДУБОРА САНЧИШ МЕКУНАН??? О... ФАХМОНЕД САБАБИ АСОСИЯШРО НАХОД ЯК КОРХОНАРО 2-3 МАРОТИБА САНЧИШ КУНАН???
БОВАР КУНЕД ЧИ СОХИБКОРЕ ДОРЕМ ХАМАШ МЕГУРЕЗАН МЕРАВАНД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)