“Серена”-ҳои Бунёди Оқохон дар Ҳонг Конг ҷоизаи беҳтарин гирифтанд
“World Travel Awards”, пойгоҳи ҷаҳонӣ, ки пешрафтатарин таҷрибаҳо дар соҳаи сайру саёҳатро баҳогузорӣ мекунад, меҳмонхонаҳои “Серена”-ро беҳтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хондааст.
Тибқи баҳогузории “World Travel Awards” меҳмонхонаҳои “Серена” дар Тоҷикистон, дар Афғонистон ва Покистон беҳтарин меҳмонхонаҳои ин кишварҳо мебошанд.
Азиз Буланӣ, мудири иҷроияи меҳмонхонаҳои Серена дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар маросими гирифтани ҷоиза, ки дар Ҳонг Конг баргузор шудааст, изҳор доштааст, “бартарии мо ин аст, ки фарҳанг ва мероси маҳҳалиро ривоҷ медиҳем”.
Буланӣ инчунин эълон кардааст, ки меҳмонхонаи Серена дар кишварҳои Бангладеш, Ҳиндустон ва Ховари Миёна ҳам бунёд хоҳанд шуд.
Меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе 1 ноябри соли 2011 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ба истифода дода шуд. Меҳмонхона аз 9 ошёна иборат буда, дар хиёбони Рўдакӣ бо харҷи беш аз 166 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |