Бахшҳо

Суди Олӣ ҳукми Изатуллоро барои қатли раису ёвараш одилона хонд

Суди Олии Русия ҳукми додгоҳи Хабаровск, ки Изатулло Нигматов, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро барои қатли соҳибкори маъруфи ин минтақа Владимир Фукалов ва ёвараш Дмитрий Болшаков ба 22 соли зиндон маҳкум карда буд, бетағйир гузошт.

Қарори Суди Олӣ дар ин бора ҳафтаи равон баъди баррасии шикояти кассатсионии Нигматов содир гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровски Русия муҳоҷири 24-солаи тоҷик дар хонаи соҳибкори 53-сола, ки бо хайрхоҳияш дар минтақа маъруф будааст, кор мекардааст: “Муҳоҷири тоҷик рӯзи 4-уми апрели соли гузашта корфармояшро бо ёвараш ба қатл расондааст. Нигматов интизор шудааст, ки Фукалов аз кор баргардад ва дар гараж ба сари ӯ тир холӣ намудааст. Таппончаро аз ҷойи хоби Фукалов гирифтааст, ки аз сӯи соҳибкор ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешудааст. Сипас ёвари Фукаловро, ки ба бустонсаро омадааст, парронда, ҷасадашонро бо мошин як километр дуртар бурда, оташ задааст”.

Ба иттилои манбаъ, далели даст ба ин ҷиноят задани муҳоҷири тоҷик, соати қиматбаҳои соҳибкор, миқдори муайяни ҷавоҳирот ва беш аз 500 ҳазор рубли русии ӯ будааст: “Ҳарчанд шахси муттаҳам дар аввал худро гунаҳкор намеҳисобиду ҳама иттиҳомот алайҳи худро рад мекард, вале баъд аз пешниҳоди далоили кофӣ иқрор шуд”-иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотӣ.

Ба иттилои расонаҳои Русия дар рафти мурофиаи додгоҳӣ Нигматов аз нишондодҳояш даст кашида, таъкид намудааст, ки онро таҳти фишор додааст ва хостааст, ӯро сафед кунанд. Аммо додгоҳ ин ҷавони тоҷикистониро ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровск мегӯяд, айбдоршаванда се соли қабл аз куштор ба Русия омада, дар хонаи соҳибкори қатлшуда кор мекардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)