Бахшҳо

Кумитаи авиатсионии ИДМ боингҳои 737-ро хатарнок хонд

Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, ки 11 давлати ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад, ҳавопаймоҳои навъи “Боинг 737”-ро хатарнок хондааст.

Ин ниҳод бо пахши як иттилоия таъкид намудааст, ки низоми идораи баландии парвоз дар ҳавопаймоҳои “Боинг-737” ба такмил ниёз дорад. Тибқи иттилоияи ин ниҳод, ки 6 ноябр дар сомонаи расмияш нашр шудааст, маъмурияти авиатсияи ИМА дар посух ба Кумитаи байнидавлатӣ кафолати амнияти парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг-737-ро надодааст. Ин ниҳод суқути Боинг 737 дар Қазонро, ки соли 2013 рух дод, маҳз ба номукаммалии техникии ин навъи боингҳо марбут донистааст.

Бо назардошти ин Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ сертификати истифодаи ҳавопаймоҳои Боинг-737-ро аввали моҳи ноябр бозхонд намудааст, аммо ахиран боз ин қарорашро лағв кард.

Коршиносон қарори Кумитаи байнидавлатии авиатсиониро “бозиҳои дохилӣ” арзёбӣ карда, боингҳои 737-ро аз бехатартарин намуди ҳавопаймоҳо арзёбӣ кардаанд. Росавиатсия низ эълон кард, ки истифодаи боингҳои 737-ро дар Русия манъ нахоҳад кард ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ низ қарорашро дар ин маврид лағв намудааст.

Ин иддао дар ҳолест, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ, “Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр” низ боингҳои навъи 737 доранд ва ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз ин навъи ҳавопаймо истифода мебарад.

Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ соли 1991 ташкил шуда, фаъолияташ ба таъмини амнияти парвозҳои гражданӣ дар қаламрави ИДМ равона шудааст. Феълан Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Украина, Белорусия, Арманистон ва Молдова узви ин Кумита мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)