Узбакистон моҳигирҳои рабудашудаи тоҷикро раҳо накардааст
Мақомоти Панҷакент мегӯянд, бо гузашти 17 рӯз ҷониби Узбакистон ду шаҳрванди рабудашудаи Тоҷикистонро раҳо накардааст.
Манбаи “Озодагон” имрӯз, 7 ноябр иттилоъ дод, ки марзбонони узбак ду сокини шаҳри Панҷакент, Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимови 26-соларо дар минтақаи марзии ҷамоати деҳоти Саразм рабуда то ҳол раҳо накардаанд.
Баҳром Сатторов, раиси ҷамоати деҳоти Саразм бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, рабудашудагон сокинони маркази шаҳр будаанд ва ҳангоми моҳидорӣ дар лаби дарё рабуда шудаанд: “Ҳодиса беш аз ним моҳ пеш дар ҳоле сурат гирифтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар наздикии деҳаи Чангал дар соҳили дарёи Зарафшон ба моҳидорӣ машғул будаанд”.
Сатторов таъкид намуд, ки Манучеҳр ва Рустам марзро убур накардаанд ва дар минтақае, ки онҳо моҳидорӣ карданд, ягон нишонаи марзбандӣ низ вуҷуд надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |