Ду кушта ва ду маҷруҳ: Ҳамла ба афсарони комиссариати ҳарбӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи маргбор ба афсарони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод, ки соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёт барои муайян ва дастгир намудани омилони ин ҳамла идома дорад. Ин ниҳод аз шаҳрвандоне, ки дар бораи шахсияти омилони ин қазия иттилое доранд, дархост намудааст, ки бо рақамҳои 02, 102, 221-21-21 ва 221-15-00 ба милиса хабар диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |