Иқбол-Ал-Ассад ҷавонтарин доктор дар ҷаҳон шуд
Замоне, ки Иқбол ба мактаби тиббӣ дохил гардид, ҳамагӣ 14-сола буд ва онро дар синни 20-солагӣ хатм кард.
Тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳон ӯ дар деҳаи Элиас, Бақоъ-водие дар шарқи Лубнон ба дунё омада, дар синни 12-солагӣ мактаби миёнаро хатм кард. Вақте Иқбол 13-сола шуд, тавонист соҳиби идрор гардида, таҳсилашро дар Қатар дар бахши тиббӣ оғоз кунад. Ва билохира, дар синни 20-солагӣ ӯ на танҳо ҷавонтарин хатмкунандаи донишгоҳи тиббии Қатар, балки ҷавонтарин табиби араб дар ҳамаи замонҳо гардид.
Профессори донишгоҳ, доктор Имад Маккӣ мегӯяд, ки аз рӯзҳои нахуст Иқбол донишҷӯи бомаҳорат ва соҳиби дониши расо буд. Иқбол ният дорад барои гурезаҳои фаластинӣ, ки дар қароргоҳҳои Лубнон ҷойгиранд, беморхонаи ройгон боз кунад, зеро набудани ёрии тиббӣ барои мардуми Фаластин ӯро хеле сахт ба изтироб овардааст.
Иқбол ҳамчунин ният дорад ба Амрико рафта дар он ҷо таҳсилро идома бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |