Бахшҳо

Таҳқиқоти “Reuters” насабу дороии духтарони Путинро ифшо кард

Хабаргузории “Reuters” 10 ноябр натиҷаи таҳқиқоташро дар бораи духтарони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия нашр карда, исбот намудааст, ки Катерина, духтари Путин насаби Тихоноваро дорад. Тибқи ин таҳқиқот Катерина Тихонова ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ва раҳбари бунёди “Иннопроект”-и ин донишгоҳ мебошад.

“Reuters” мегӯяд, Путин тайи солҳои раҳбарияш дар Русия тавонистааст бар нафси ҷамъоварии пул пирӯз шавад ва ҳамчун одами миёнаҳол даромадашро дар соли 2014-7,65 миллион рубл нишон додааст. Ба иттилои манбаъ Путин соҳиби қитъаи замин, хонаи на он қадар калон ва гараж буда, як хонаю гаражи дигарро ба иҷора гирифтааст.

Аммо духтари Путин тибқи ин таҳқиқот ба шарофати шиносҳои падараш, соҳиби дороии зиёд мебошад.

Андрей Акимов, раҳбари “Газпромбанк” тасдиқ кардааст, ки Катерина, духтари Путин бо насаби Тихонова зиндагӣ мекунад. “Reuters” менависад, ин духтари 29-солаи Владимир Путин ҳамсари Кирил Шамалов, писари Николай Шамалов, яке аз дӯстони деринаи Путин мебошад.

Кирил Шамалов, шавҳари Катерина саҳмдори аршади бонки “Россия” маҳсуб мешавад, ки онро бонки элитаи Русия низ мегӯянд. Инчунин аз виллаи 3.7 миллион доллараи ин ҷуфт хабар дода шудааст, ки дар Биарритзи Фаронса ҷойгир аст. “Reuters” аз қавли таҳлилгарони молӣ дороиҳои Кирилл ва Катеринаро 2 миллиард доллар шумурдааст.

Огоҳони умури молии ин оила гуфтаанд, ки бахши аъзами дороияшонро саҳмияҳои ширкати нафтӣ ташкил медиҳанд, ки аз Геннадий Тимченко, яке дигар аз дӯстони Путин харидорӣ шудаанд.

Афзун бар ин Катерина Тихонова раҳбарии тарҳи “Иннопроект”-и Донишгоҳи давлатии Маскавро дар даст дорад. Тибқи навиштаи “Reuters” духтари Путин дар доираи ин тарҳ бо чандин созмон ба қиммати миллионҳо доллар қарордод имзо кардааст, аммо дар мавриди суди шахсии Катерина аз ин тарҳҳо ҳеч далеле рӯи даст нест. Инчунин гуфта шудааст, ки ӯ бо амалӣ кардани бозсозии Донишгоҳи давлатии Маскав машғул аст, ки дар он 1,7 миллиард доллар масраф хоҳад шуд.

Мария, духтари калонии Путин ҳамсари Йорит Йоост Фаасен, тоҷири голландӣ аст, ки хатмкардаи риштаи биологияи донишгоҳи Петербург ва риштаи тибби донишгоҳи Маскав мебошад. Мария номзади илмҳои биологӣ мебошад ва инчунин ба тарҳи “Алфа-Эндо”, кумак ба гирифторони бемории “эндокринная система” машғул аст. Ба навишати “Reuters” ин тарҳро бонки “Алфа-Банк” сармоягузорӣ мекунад, ки дар ИМА, Бритониё ва Кипр низ намояндагӣ дорад. Йоритт Йоост Фаассен, шавҳари Мария то моҳи августи соли гузашта ба ҳайси муовин раиси “Газпромбанк” будааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)