Бахшҳо

Норозигии омбудсмен аз таҳқиқи марги Умаралӣ: Ба Путин гузориш медиҳам...

Павел Астахов, ваколдори ҳуқуқ, ё худ омбудсмени кӯдаки Русия имрӯз, 11 ноябр зимни сафараш ба Санкт Петербург аз макони марги Умаралии 5-моҳа-бемористони ба номи Симбалина боздид кард.

Астахов дар пайи боздид аз ҷои нигоҳдории Умаралӣ, шиносоӣ бо аснод ва амали табибон ба хабарнигорон изҳор дошт, ба касбияти духтурон шубҳае надорад: "“Аммо ба кормандони тиб низ чанд суол аст, ки оё таърихи бемории кӯдакро дархост карданд, чӣ гуна аҳволи кӯдакро ташхис кардаанд. Дар баробари ин тибқи асноде, ки рӯи даст дорем чунин хуруҷи босуръати бемориро ҳатто ҳайати ботаҷрибаи табибон пешгӯӣ карда наметавонист”.

Астахов махсусан амали маъмурини пулисро нисбати Умаралӣ мавриди танқид қарор дод. Ӯ изҳор дошт, ки аз Вазорати умури дохилӣ санҷиши такрории амали маъмурини пулис, ки Умаралиро аз модараш ҷудо карданд, талаб хоҳад намуд: “Худи санади таҳиякардаи маъмурини пулис дар мавриди Умаралӣ, ки “дарёфти кӯдаки партофташуда ё раҳгумгашта” ном дорад, баҳсбарангез аст. Чӣ гуна маъмури пулис ин санадро таҳия кардааст, чун кӯдак бо санад дар бораи таваллуд оварда шуда буд”.

Ӯ афзуд, ки худи имрӯз ба вазири умури дохилии Русия муроҷиат карда, санҷиши такрориро дархост хоҳад кард, “чун тибқи баҳогузории ман санҷиши гузарондашуда муфассал ва амиқ набуд. Инчунин зарур медонам, ки чунин санҷишҳо ба назорати прокуратура ниёз доранд”.

Омбудсмени кӯдаки Русия инчунин суол гузоштааст, ки чӣ зарурат буд, то модари кӯдакро фавран ба суд кашола кунанд, то дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ҷарима банданд? Ӯ илова намудааст, ки аз ин қазия ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Дмитрий Медведев, сарвазири ин кишвар гузориш хоҳад навишт.

Астахов инчунин ба волидони Умаралӣ маслиҳат додааст, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд, то муайян шавад, ки то куҷо амали маъмурини пулис қонунӣ буд. Асоси муроҷиат ба додгоҳро Астахов санади тартибдодаи пулис дар мавриди дарёфти кӯдаки партофташуда арзёбӣ кардааст, ки дар илова ба он шаҳодатномаи таваллудро низ зам кардаанд.

Қаблан ВКД-и Русия эълон кард, ки дар муносибати кормандонаш бо Умаралӣ ва волидонаш қонуншиканиеро ошкор накард. Тибқи хулосаи ташхиси тиббӣ, ки 7 ноябр эълон гардид, Умаралӣ бар асари иммунитети заиф ва таъсири ситомегалавирус даргузаштааст.

Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеа вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Андешаманд
Сад сол гузарад ҳам ин русҳо ба гапашон меистанд ва ҳатто падару модари Умаралиро гунаҳгор карда, ба паси панҷара ҳам бурданашон мукин. Онҳо ҳатто Шоираи дар див. 201 аз тарафи афсари рус кушташударо ҳам гунаҳгор хоҳанд кард. ки ӯ худаш ба афсар ҳуҷум карду Шербаков барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон аз дасти ин зани террорист моро ҳимоя намуд. Шояд орден ҳам талаб кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)