Бахшҳо

Ҷиноят ва ҷазо: Подоши заҳмати устод ин аст?

Атохон ҒАНИЕВ

Ҳикояте ба хотирам омад. Амиреро ба хотир расид, ки замоне устодаш вақти дарс ӯро бо химча зада буд. Чун ин амр ба ёдаш омад, дарҳол нафареро аз паи устоди хеш фиристод.
Вақте фиристода расид ва хабар ба устоди амир расонид, устод ба фаросат дарёфт, ки ҳадафи амир чист. Себеро ба бағал гирифт ва ба даргоҳи амир ҳозир шуд.
Амир устодро гуфт, ки ёд дорӣ ки замоне маро бо химча зада будӣ?
Устод себро аз бағал берун оварду гуфт:
-Самараи он химча ин меваест, ки акнун дар дасти ман мебинӣ.
Амирро ҷавоби устод хуш омад, ӯро узрхоҳӣ кард ва барояш нафақа таъйин кард.

Агар хато накарда бошам, тақрибан мазмуни ҳикоят чунин аст. Ин ҳикоятро аслан замони кӯдакӣ хонда будам ва то ҳанӯз он аз хотирам нарафтааст.

Сабаби ба хотир оварданам мурофиаи судиест, ки рӯзи 10 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар курсии айбдорӣ Асламшо Султоншоев, омӯзгори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов нишастаст, ки дар латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов муттаҳам мешавад.

Намедонам дигарон онро чӣ гуна қабул карданд, вале ин хабар маро ниҳоят ба изтироби сахт овард.
Чаро омӯзгоре, ки соҳиби таҷрибаи зиёди педагогӣ аст ба ин амал даст зад?
Чаро инсоне, ки ба гуфти ҳамкоронаш шахси хоксор асту рӯзи мурофиа низ баъди гузарондани дарс ба суд ҳозир шудааст, даст ба сари шогирд бардошт?
Ин суолҳоест, ки посухи онҳо таҳқиқи ҷиддиро мехоҳад ва дар доираи як матлаб ҷавоб гуфтан душвор аст.

Аслан устод ба монанди боғбоне аст, ки мехоҳад ниҳолакони боғи ӯ самараи хубе оварад. Боғбон интизори меваи пухтарасидаи бенуқс аст, аммо умеди устод тарбияи шогирдони боақлу ботамиз ва нек аст. Вале ҳеч боғбоне намехоҳад, ки дарахтони боғи ӯ бесамар бошанд ё самараи нохуб диҳанд.
Ҳамчунин устод низ талош меварзад, ки шогирдони некро ба камол расонида, подоши заҳмати худро бубинад ва шод шаваду шукр гӯяд.

Барои ман, ки назди устодони зиёде дарс омӯхтаву то ҳанӯз меомӯзам, ҳар як устод қадри хосе дорад. Ва барои худам иҷоза намедиҳам, ки ҳатто дар ғоибаш устодеро ба бадӣ ёд кунам.
Зеро ба хубӣ дарк мекунам, ки:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.

Агар устодони меҳрубони мо намебуданд, аз куҷо мо илм меомӯхтему роҳи дурустро дармеёфтем ва ба ҷое мерасидем?! Бо меҳру муҳаббат устодони мактаби миёнаро ба ёд меорам, ки гуё бо тамоми вуҷуди худ барои пешрафти мо заҳмат мекашиданд. Шодии мо мо-шодии онҳо буду аз мушкилоти мо азият мекашиданд.

Он замон устод қадр дошт, мавқеъ дошт, обрӯю эътибор дошт.
Шогирде ҷуръат намекард, ба рӯи устод сахт нигарад ва ӯро масхараву таҳқир кунад.
Чаро акнун замоне фаро расида, ки шогирдон нохалафанду устодон хашмгин?
Ё чаро шогирдон устодро масхара мекунанду ӯ хамуш?
Ё чаро ба хотири дермониву беадабии шогирд устод бояд чанд сол дар зиндон бошад?

Ҳодисае, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов ба вуқӯъ пайваст, инъикосгари ҳаёти имрӯзаи мост.
Ман албатта тарафдори латукӯби муаллимон нестам, зеро ин роҳи тарбия нест.

Аммо ман сари он мендешам, ки чаро акнун муаллимон то ин андоза беқадр шудаанд, ки суханашон ба шогирд таъсир надорад. Аксар вақти сӯҳбат бо устодони мактабҳои оливу миёнаи ҷумҳурӣ онҳо аз беадабиву бефарҳангии шогирдон шикоят мекунанд ва мегӯянд, кор ба ҷое расида, ки андаке баландтар гап занӣ, дарҳол аз чанд “ҷой” таҳдиду таъна мешунавӣ. Гапи онҳо асос дорад. Зеро аксари волидоне, ки соҳибмансабу пулдоранд, фарзандонашонро дар руҳияи худпарастиву густохӣ ва беҳаёӣ тарбия мекунанд. Ва чун фарзанд дар чунин муҳит ба воя мерасад, нисбати устоди худ бидуни эҳтиром ва шарму ҳаё муносибат мекунад. Ӯ эътимоди комил дорад, ки пуштибоне дорад, ки дар ҳар ҳол варо дастгирӣ хоҳад кард.

Ман тарафдори задани устод нестам, вале Асламшоев танҳо нафаре нест, ки ба рӯи шогирд зада бошад. Агар ҳар як устодро шогирдонаш ба навор гирифта дар шабакаи интернет паҳн кунад, оқибат чӣ хоҳад шуд?! Он гоҳ дар додгоҳҳо танҳо парвандаи муаллимонро баррасӣ хоҳанд кард. Оё он шогирде, ки бо дермонии худ сабаби ин қазия шуд, аз карда пушаймон нест? Ва ё он шогирде, ки устоди худро ба навор гирифту дар интернет паҳн кард ва сабаби рехтани обрӯи устод шуд, акнун хиҷолат намекашад? Зеро акнун бо сабаби ӯ шояд устод чанд сол паси панҷара нишинаду аз пайвандони худ зиндаҷудо гардад.

Дар хабари нашршуда омадааст, ки “мувофиқи моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ, ки Асламшоев аз рӯи он айбдор мешавад, ҷазо аз ҷаримаи камтарин-250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(10 ҳазор сомонӣ) то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Моддаи 174 пешбинӣ кардааст, ки иҷро накардани уҳдадорӣ аз сӯи омӯзгор, "агар бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

Оё устод ба ин ҷазо сазовор аст? Оё подоши заҳмати устод магар ин аст? Ба навор гирифтану дар интернет паҳн кардани устод қаҳрамонӣ нест ва ин “ғалаба” монанди ҳубобест, ки дарҳол аз байн меравад. Вале умри барҳадар рафтаи устодро кӣ ҷуброн хоҳад кард?!
Мӯҳр
Амир Насри Сомонӣ ва муаллим
* * *
Амир Насри Сомонӣ (яке аз амирони Оли Сомон, ки аз соли 301 то 331 ҳ.қ. салтанат кардааст) дар айёми кӯдакӣ муаллиме дошт, ки Амир назди ӯ Қуръон мехонд, вале аз ноҳияи ин муаллим кутаки бисёре хӯрда буд. (Дар куҳан муаллимон шогирдони худро танбеҳи баданӣ мекарданд). Амир Наср кинаи муаллимро ба дил гирифта буд ва бо худ мегуфт: ҳар гоҳ ба мақоми подшоҳӣ бирасам, интиқоми худро аз ӯ мегирам.
Вақте Амир Наср ба подшоҳӣ расид, як шаб ба ёди муаллимаш уфтод ва дар бораи чигунагии интиқом аз ӯ андешид, то ин ки тарҳе ба назараш расид ва онро чунин иҷро кард: ба хидматкори худ гуфт:
- Бирав дар боғи русто чӯбе аз дарахти беҳ (ҳамон биҳӣ) бигир ва биёвар.
Хидматкор рафт ва чунон чӯберо назди Амир Наср овард ва Амир ба хидматкори дигараш гуфт:
- Ту низ бирав он муаллимро эҳзор кун ва ба инҷо биёвар.
Хидматкор назди муаллим омад ва паёми Амирро ба ӯ иблоғ кард. Муаллим ҳамроҳи ӯ ҳаракат кард, то назди Амир Наср биёяд. Муаллим дар масири роҳ аз хидматкор пурсид:
- Сабаби эҳзори ман чӣ бошад?
Хидматкор ҷараёнро нақл кард ва муаллим донист, ки Амир Наср дар садади интиқом аст. Дар масири роҳ ба мағозаи мевафурӯшӣ расид, пуле дод ва як меваи беҳ (биҳӣ) харид ва онро дар миёни остинаш пинҳон кард.
Ҳангоме ки назди Амир Наср омад, дид дар дасти Амир чӯбе аз дарахти беҳ ҳаст ва онро баланд мекунад ва такон медиҳад.
Ҳамин ки чашми Амир Наср ба муаллим уфтод, хитоб ба ӯ гуфт:
- Аз ин чӯб чӣ хотирае дар ёд дорӣ? (Оё медонӣ, бо чунин чӯбе дар айёми кӯдакии ман, бо ман чӣ мекардӣ?)
Дар ҳамон дам муаллим даст дар остини худ кард ва он меваи беҳро берун овард ва ба Амир Наср нишон дод ва гуфт:
- Умри подшоҳ мустадом бод! Ин меваи ба ин латифӣ ва шодобӣ аз он чӯб ба даст омадааст. (Яъне бар асари чӯбу тарбияти муаллим, шахсе ба монанди шумо фарде барҷаста ба вуҷуд омадааст).
Амир Наср аз ин посухи ҷолиб бисёр масрур ва шодмон шуд, муаллимро дар оғӯши муҳаббати худ гирифт, ҷоизаи калоне ба ӯ дод ва барои ӯ ҳуқуқи моҳиёна таъйин кард, ба тавре ки зиндагии муаллим то охири умр дар хушӣ ва шодобӣ гузашт.
(Манбаъ: "Ҷавомеъул-ҳикоёт", Муҳаммад Авфӣ)

Хакк асту рост. Имруз,ки на муаллим парвои талаба хасту на он х охиши тахсилро дорад,Чунин устодон,ки бо ин музди ночиз кор мекунанд,талош меварзанд,ки каме хам бошад,аз ин пода, инсон бисозад, зери маломату проблема монд. Пагох нафари дигар ба мебиеяд, таехо аз талаба пул чам мекунад.,хонад нахонад,биеуяд набиеяд дарс фаркаш не.... Ва тарафи дигар талабагоне,ки навор гирифтаед(хол он ки мамнуъ аст) хозир худро голиб медонад. Чаро нафари ба наворгирандаро чазо намедиханд ое конуни Вазорат ин чо эътироф намегардад.....

гпр
Умуман ба фикри муалифи ин макола рози шуда наметавонам. Хеч як нафар хукуки ба каси дигар даст бардоштанро надорад. Хох муаллим бошад, хох милиса ва гайра. Мо точиконро як умр дар рухияи гуломона тарбия кардаанд, аз ин ру ба як халки тарсончак табдил ефтаем. муаллим занад, хап шин, милиса занда, хап шин. Ин нодуруст аст. Муаллим занад, гашта чавобашро дех. Дида истодаем, ки бисере аз точиконе, ки дар Россия хастанд аз хукукхои худ дифоъ карда наметавонанд, ки ин натичаи тарбияи гуломона аст. Бас аст рухияи гуломи.

Устод
Аз навиштани номат маълум аст ки "гпр" аз атрофи мактабу маориф нагузаштаи. Омузгор хонандаро девона шав, бесавод шав, дузд шав, авбош шав гуён чазо намедихад. Омузгор барои он мезанад ё чазо медихад ки бесавод намонанду ба мухочират рафта кори сиёх накунанду дар чавоб чуркаро нашнаванд. Агар омузгор сахтгир набошад дар айни замон ягон нафаре ёфт намешавад ки бо майли хеш савод омузад ва бо хохиши худ маърифату илми хешро баланд бардорад. Махз хамин кушиши устодон хаст ки имрузхо ба маоши ками омузгори нигох накарда чавононро тарбия мекунанд ва ба онхо тарзи навишти чунин мухокимахои "нек" нисбати устоди хешро меомузонанд. Дар ин чо нафарони зиёд рафтори ин устодро махкум намудаанд. Худи шуморо муаллим боре хам назадааст магар? Агар ха. Чаро? Холо ки шумо мактабро хатм кардеду доно шудед худ аз руи виждон гуед, ки гунахкор будеду муаллим шуморо зад. Худи шумо ба ин навор нигох кунед ва бинед ки хонанда чи гуна бо устод харф мезанад ва ё дигаре ба телефони мобили сабт менамояд гарчанде фармони ВМЧТ оиди истифода накардани телефонхои мобили дар муассисахои таълими вучуд дорад. Биёед кадри устодро донему дар хакки у дуо кунем ки ба чунин курнамкхо дучор нагардонад.
Парвиз,

Хайрон
Э бача, у бачаи Хукумов чанд нафара кушту мачрух кард дар озодй бгарда, ёрдамчии прокурор кучаруба мачак карда кушт дар озодй гашта истодаасту ин бечора муаллими БЕСОХИБ 10 сол! махбас шавад? Канй АДОЛАТУ кани ХАКИКАТ??????

Бародарони азиз!Инчо хато дар системами маориф АСТ. Муаллим аз хамагуна чазохои педагоги махрум АСТ. Харчанд чазохо дар дар конуну дастурамалхо дарч шуда бошад хам, аммо бо супоришхои боло илочи ичро надорнд. Ммасалан, ки ед дорад, ки хонандае барои ичро накардани талаботхои мактаб дар даврони исьиклолият такроран дар синфаш мононда шудааст. Е хонандае барои рафтори бадаш ба мактабхои душвортарбия чалб шудаанд. Дар куыо шунидед, ки барои душвортарбиягии хонанда шубаи кор бо хонандагон кори тарбияви бурдаанд.Муаллими бичора дигар чи кор кунад, агар "дар имени даре тахтабанд бошад. Ман тарафдори онам, ки омузгор озод карда шавад.

Бародарони азиз!Инчо хато дар системами маориф АСТ. Муаллим аз хамагуна чазохои педагоги махрум АСТ. Харчанд чазохо дар дар конуну дастурамалхо дарч шуда бошад хам, аммо бо супоришхои боло илочи ичро надорнд. Ммасалан, ки ед дорад, ки хонандае барои ичро накардани талаботхои мактаб дар даврони исьиклолият такроран дар синфаш мононда шудааст. Е хонандае барои рафтори бадаш ба мактабхои душвортарбия чалб шудаанд. Дар куыо шунидед, ки барои душвортарбиягии хонанда шубаи кор бо хонандагон кори тарбияви бурдаанд.Муаллими бичора дигар чи кор кунад, агар "дар имени даре тахтабанд бошад. Ман тарафдори онам, ки омузгор озод карда шавад.

Донишчуи ДТТ
Устод сазовори чунин чазо нест! Чаро омузгорони муассисахои таълими хомушанд? Чаро ба тарафдории хамкасби худ гап намезананд? Бояд он мактаббачахое, ки устодро асаби карда бадан сабти телефони кардиянд, ЧАЗО дод. Хеч набошад бояд Вазорати маориф карорхои баровардаи худро, ки истифодаи телефонхои мобилиро маън карда буд бекор кунад ана он холат метавонед устодро чазо дихед. Чунин усдодоне, ки толибилмро барои дер мони, тайёр набудан ба дарс ба фикри ман дар хамин вакту сол каманд. Аз ин ру ба устод хеч гуна чазо ё танбех надихед, мухтарам коркунони АМНИЯТ ва ВАЗОРАТИ МАОРИФ!!!! Парвиз,

99
Бародар ин дард аст, дарди бедаво!
Дарди асосӣ ин аст, ки мардуми мо тамоман деградатсия шудаанд ва ҳатто наметавонанд як қадам пеши худро дида баҳои дуруст диҳанд.
Хусусан, тоҷики мо шармандаи дунё шудааст.
Ман нав фаҳмидам, ки мо барои чӣ ҳама чиро аз даст додаем ва дар ҳазор сол чизеро барнагардонидаем. Бузургони мо ҳама аз ғам мурдаанд, аз ғами тоҷик. Аз ғами миллате, ки ҳеҷ гоҳ барои худ коре намекунад ва намехоҳад кунад ва то ин замон ва баъдан ҳам барои нест кардани худ тайёр аст. Моро ба ғайр аз Худои бузург ягон қуввае муҳофизат накардааст ва метарсам, ки бо ин корамон, қаҳри Худоро ҳам овардаем. Метарсам, ки мо ба нестшавӣ хеле наздикем. Моро мекушанд, масхара мекунанд, молу ҳоламонро мебаранд. Мо дар ватан аз дасти на душман рӯз дорем, на худӣ. Яъне, мо дар ин дунё дӯсте надорем, вале душмани ашаддиамонро дӯст мешуморем ва фахр ҳам мекунем. Мо тарсу ҳастем. Ба мо як нафар "ҳей!" гӯяд, мурданивор метарсем ва мегурезем. Мо фақат хушомадгӯёну бесаводон ва чоплусонро парастиш мекунем. Дар ҳаққи мо пасттарин махлуқ бадие кунад, коре аз дастамон намеояд, ки худро муҳофизат кунем. Агар нафаре аз байни мо пайдо шавад, ки каме мубориз ва озодихоҳу дигарандешӣ кунад, ё ғами ин миллати бадбахтро хӯрданӣ шавад, ҳамакаса ӯро бо дастону дандонҳои худ буғӣ карда мекушем.
Мардуми озодандешу ғамхури мо аз ҳама чиз дилхунук шудаанд. Барои чӣ ҳам нашаванд, ки зиёда аз 90-95% мардуми мо озодиро намехоҳанд ва ғуломии кулро ба гардан гирифта, ба болои ин фарзандони худро дар рӯҳияи ғуломӣ тарбия мекунанд. "Бачам, хонда чӣ мешӣ!" Ана ин аст ақидаи падарони мо! Ояндаи мо торик аст!!!

ин муаллим бояд ҷазо гирад бау ки ҳақ додаст ки шогирдро занад ё тарсонад ин ҳукм гирад ба дигарош ибрат мешавад. рости бо роҳи зури тарсонидан тарбия намешавд ин боном устодо худ савод надоранд ба чунин хато даст мезананд мактабҳое ҳастанд ҳарсол 1500 талаба хатм мекунанд ягонташ ба мактаби оли дохил намешад азруи бесаводи инҳо фақат пули ремонт пули фалон пули писмадон дига кор надоран.

садқаи номи устоди кунад якхелаша ки ҳақ додаст бачаи мардума занад ҷазоша кашад ба дигарош ибрат мешавад

Insof
Яке бо мошин дар нисфи шаб се нафарро зада мекушаду чанд нафари дигарро маҷрӯҳи якумрӣ мекунад ва волидайнаш 120 сомонӣ муҷозот мешавад. Вазири корҳои дохилӣ бошад, вазифаи судяро ба ӯҳда гирифта, он фисқили қурбонии ҳамлро бегуноҳ мебарорад. Як муаллимеро, ки барои ба роҳи дуруст даровардани ҷавоне кӯшидааст, ба даҳ сол аз озтдӣ маҳкум мекунед?
Аз Худо ҳам натарсед, аз гардиши чархи фалак тарсед, хоболудаҳои аз худ бехуд.

Мурод
Оли,аммо пеш аз задан устодвор фикр куни!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)