Дахолати Убайдуллоев ба марги Умаралӣ баъди 1 моҳ: Арзишҳои инсониро эҳтиром гузоред
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 12 ноябр дар мулоқот бо ҳайати бонуфузи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия масъалаи марги Умаралӣ, шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистонро дар шаҳри Санкт Петербург ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ, Убайдуллоев дар мулоқот бо ҳайати Русия, ки таҳти садорати муовини раиси Шӯрои Федератсия, Бушмин Евгений Викторович дар Душанбе қарор доранд, дар баробари баррасии ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба қазияи Умаралии марҳум низ дахл кардаст.
Раиси Маҷлиси Миллӣ аз аъзои палатаи болоии парлумони Русия даъват кардааст, ки бо истифода аз сатҳ ва мақоми Шӯрои Федератсия назорат кунанд, то қазияи фавти шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров мунсифона ва дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ шавад. Убайдуллоев даъват намудааст, ки қазия бо эҳтироми арзишҳои волои умумиинсонӣ ҳамаҷониба воқеъбинона баррасӣ карда шавад.
Умаралӣ Назаров, расо як моҳи пеш, шаби 13 ба 14 октябри соли равон баъди чанд соати гирифтанаш аз дасти модар дар беморхонаи Симбалина дагузаштааст. Феълан аз рӯи ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |