Бахшҳо

Нигаронии Э.Раҳмон аз ДИИШ дар Афғонистон: Бо зӯрӣ намешавад...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Исломобод аз пайдоиши ҳаракати террористии “Давлати исломӣ” дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар ҳузури Мамнун Ҳусайн, президенти Покистон дар Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзами Покистон ҳушдор додааст, ки дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, ба амнияти тамоми минтақа таҳдид менамояд: “Дар ин росто метавон гуфт, ки вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ҳанӯз муташанниҷ аст. Ин ҳолат чолишҳои нав ба навро барои амнияти кишварҳои мо эҷод месозад”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки бо истифодаи зӯри низомӣ мушкилот дар Афғонистон бартараф нахоҳанд шуд ва далел овардааст, “таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”.

Эмомалӣ Раҳмон зарур хондааст, ки ба Афғонистон дар эҳёи иқтисодиёт, кишоварзӣ, истифодаи имконоти транзитӣ, аз тариқи татбиқи пружаҳои зербиноӣ ва кумаки молию техникӣ ба пешбурди ислоҳоти идорӣ аҳаммияти бештар дода шавад: “Аз сӯи дигар, татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ – нақлиётӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ, лӯлаи газ ва дигар тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масири Тоҷикистон ва Покистон маҳз аз вазъи амниятии Афғонистон вобаста мебошад. Мо барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон манфиатдор мебошем. Санади номбурда метавонад такондиҳандаи ҷиддии робитаҳои судманди иқтисодиву тиҷоратӣ миёни се кишвар гардад”.

Ӯ афзудааст, ки Осиё хонаи умумии мост: “Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар ин хонаи умумиамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Мушкилоте, ки дар ин минтақаи бузург ҳастанд, бо ҳам шабеҳ ва муштараканд. Бинобар ин василаҳои мубориза бо онҳо низ бояд муштарак бошанд. Имрӯз ҳамаи кишварҳо ҷиҳати мубориза бо хушунат ва ифротгароӣ ҳамкорӣ доранд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан таъкид кардааст, ки дар муборизаҳои геосиёсӣ, имрӯз аз мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ сӯистифода мегардад: “Доираҳои алоҳида саъй доранд, то дар миёни пайравони дини мубини ислом тафриқа ва низоъ барангезанд. Мо бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ бошем”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)