Бахшҳо

АКС: Аёдати Абдуллозода ва Назаров аз чемпиони 7-солаи бемор

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамроҳ бо муовинаш Дилшод Назаров, ба аёдати Алиҷон Маҳкамови 7-сола, чемпиони 6 каратаи кишвар оид ба дзюдо рафтааанд.

Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилооти ин ниҳод ба “Озодагон” хабар дод, ки Аҳтам Абдуллозода рӯзи 13 ноябр аз наздик бо варзишгари наврас Алиҷон Маҳкамов суҳбат намуда, аз вазъи саломатии ӯ бохабар гардидааст. Манбаъ мегӯяд, Аҳтам Абдуллозода аз дастовардҳои ин наврас, ки дар як давраи кутоҳ дар соҳаи варзиш ба даст овардааст, истиқбол намуда, изҳор доштааст, ки чунин наврасон дар оянда парчамбардору номбардори кишвар мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, Аҳтам Абдуллозода ба варзишгари навраси тоҷик, ки барои барқарор кардани саломатии худ ба гузаронидани ҷарроҳӣ ниёз дорад, кумаки якдафъаинаи молиявӣ расонидааст: “Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар доираи имконият ба ин варзишгари наврас кумак карда мешавад”.

Аёдати раҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар ҳолест, ки қаблан “Озодагон” аз қазияи Алиҷон хабар дода буд. Саидмурод Маҳкамов, як сокини шаҳри Душанбе тариқи "Озодагон" барои табобати писари ҳафтсолааш Алиҷон, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, аз мардуми тавонманду сахӣ ва ташкилотҳои хайриявӣ кӯмак мехоҳад. Ин сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, фарзандаш Алиҷон Маҳкамов, ки варзиши гуштӣ машқ мекунад, ду сол қабл ба ин беморӣ гирифтор шудааст, аммо танҳо имсол огоҳ шудаанд: “Панҷсола буд, ки дар гарданаш гушти зиёдатӣ баромад ва гоҳ калон мешуду гоҳ майда. Табибон гуфтанд, гушти зиёдатӣ аст, бо як ҷарроҳӣ бартараф мешавад. Аммо имсол он калон шуд, ҳолаташ вазнин, сардард ва аз шунавоӣ қариб монд. Барои гирифтани гушти зиёдатӣ дар беморхонаи Қарияи боло ҷарроҳӣ кардем. Баъди ҷарроҳӣ ва санҷиш духтурон гуфтанд, Алиҷон ба бемории саратон гирифтор аст”.

Ӯ гуфт, барои табобати фарзандаш бо духтурони ҳинду суҳбат кард ва онҳо харҷи сафару табобат дар Ҳиндустонро 15 ҳазор доллар ҳисоб намуданд. Саидмурод мегӯяд, як соли ахир бекор аст ва пайдо кардани ин маблағ бидуни кумаки афроди саховатманду созмонҳои хайриявӣ ғайриимкон аст.


Муроҷиати Маҳкамов ва Садриддини Наҷмиддин барои кӯмак ба Алиҷон

АКС: Аёдати Абдуллозода ва Назаров аз чемпиони 7-солаи бемор

АКС: Аёдати Абдуллозода ва Назаров аз чемпиони 7-солаи бемор

АКС: Аёдати Абдуллозода ва Назаров аз чемпиони 7-солаи бемор
Мӯҳр
М
ба ин навраси точик ва ченпиони чанкарата саломатии бардавом таманно дорам бигузор чунин раисон ва саховатмандон дар чумхури зиёд шавад ба монанди АБДУЛЛОЗОДА А.Р.

Alisher
Shaxsoni ba monandi Alijonro dar chunin holat silai rahm kardan kori xairu amali nakust !!! Az in amali muhtaram Abdullozoda har yaki mo bayad ibrat girem. Voqean ham shaxsiyati obrumandu botamkin va baroi jomeai imruzavu oyandai kishvar zarurist!!!

Voqean ham amali javonmardi!!!!

Ахтам Абдуллозода Рустам вокеан бехиарин шахс аст. Рахмат ба шумо барои чунин гамхориатон.

Бхтарин коркарди Абдуллозода ИНШААЛЛО ХУДО ачри бзург мефармояа Гами Маризро хурди

Дар хакикат Хукумати Чумхурии Точикистон барои интихоби раиси Кумитаи чавонон варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Абдуллозода Ахтам Рустам хато накардааст шахси донишманд кордон мехнатдуст ва мехнатталаб мебошад. Ин нишонаи чавон мардии Абдуллозода мебошад ки вакт чудо намуда аз ахволи варзишгарон бо хабар мешавад. ОФАРИН !!!!!

nabi farhor
Худванд ба ин писар шифои комил дихад.

Саид
Ин табибони бесаводи мо одамро мекушанд баъд дардашро пайдо карда мегуянд!

миллатдуст
Офарин ба Абдуллозода ва Назаров!!!!!!!!!!!!!!!

dfg
Худованд ба хайркунандагон аҷру подош диҳад ва ба ин фарзанди бемор шифои комил диҳад (Омин)

Толибчон
Офарин ба шумо Ахтам Абдуллозода мисли шумо дар ЧТ акалан 10 Вазир мебуд Точикистони мо боз хам гулгун мешукуфт Худованд нигохбонат бошад Бародари азиз Ахтам

Худованд ба кудак тани сихату умри дароз дихад. Ба хайр кунандагон худованд ба яки онхо дах маротиба ачрашро дихад.

Толибчон
Рузе ман ба пеши Ахтам Абдуллозода барои 1 коре ки мехостам Хак ба Хакдор бирасад рафтам Маро бо хушнуди кабул кард Дар вакти сухбат Ахтам Абдуллозода ба ман гуфт ки Бародар коре бикун ки Писарат нафахмад ки шумо шумо аз паси у омадед ва кушиш бикун ки аз паси писарат дар ягончо сар хам накуни Ман ба Ахтам Фахмондам ки мо Мардуми Гарм хастем мумкин нисбати мо ахмият надиханд Дар чавоб Ахтам Абдуллозода як ханда карда гуфти ки бигу Мн Вовчик хастам Бо акаи Ахтам хело сухбат кардем Сухбати мо Миссли Акаву додар гузашт Бисер шахси ба кадри одам мерасидаги мебошад Худованд дар болои сари Хамин Чемпионхои Точикистон доимо боши Ахтам Абдуллозода

Дар хакикат Хукумати Чумхурии Точикмстон барои интихоби Раиси Кумитаи Чавонон варзиш ва сайехи хато накардааст Шахси донишманд мехнатдуст ва корталаб мебошад Худованд нигохбонат бошад Ахтам Абдуллозода

Худованд нигохбонат бошад Ахтам Абдуллозода Шумо дасти беморо гирифтед Худованд дасти шуморо мегирад

Ситора
Дар хакикат Хукумати Точикистон барои Интихоб намудани Раиси Кумитаи чавонон ва саейхи хато накардааст Худованд доимо дар болои сари Варзишгарони точик боши

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)