Бахшҳо
14 ноя 2015 10:13Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳамлаҳои бесобиқа дар Порис: Аз маҳкумсозии Э.Раҳмон то изҳороти ДИИШ -ин қассос барои Сурия аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 14 ноябр бо ирсоли барқияи тасаллият ба Франсуа Жерар Жорж Олланд, президенти Фаронса ҳамлаҳои террористии бесобиқаро дар Порис маҳкум кардааст.

Ҳамлаҳои террористӣ, ки шоми 13 ноябр ҳамзамон дар 6 нуқта, аз ҷумла тарабхона, майдони футбол ва театри “Бакалан” рух додаанд, дар маҷмуъ ҳудуди 160 кушта ва беш аз 200 маҷруҳ барҷой гузоштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба Олланд аз ҷумла иброз доштааст, ки хабари даҳшатангези дар минтақаҳои гуногуни Париж ба вуқуъ пайвастани амалиёти ваҳшиёнаи террористӣ, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ қурбон шуданд, моро сахт андӯҳгин кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини Ислом пӯшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум менамояд: “Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем“.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Олланд хоҳиш кардааст, ки “тасаллияти мардуми Тоҷикистонро қабул фармоед ва ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони қурбоншудагон бирасонед. Мо ба дарду ғуссаи Шумо шарикем”.

Тибқи иттилои расонаҳо бештари шаҳрвандони мулкӣ дар ҳамлаи террористӣ ба театри “Батаклан” кушта шудаанд. Инчунин ҳангоми қувваозомии дастаҳои футболи Фаронса ва Олмон, ки дар ҳузури Олланд ва вазири хориҷии Олмон ҷараён доштааст, дар канори майдони футбол се таркиш рух додаанд.

Феълан дар Фаронса вазъи фавқулодда эълон гардида, фаъолияти бисёри муассисаҳо мавқуф ва марзҳо баста шудаанд.

Ахиран масъулияти ин ҳамлаҳоро созомони террористии “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифтааст. Дар паёми ин созмони террористӣ омадааст, ки “ин қассос барои Сурия, ин 11 сентябр барои Фаронса мебошад”.


Мӯҳр
вокеан хеле чои тасуф аст рахмат бар чаноби оли ки ин амали вахшиёнаро аз ислом берун донист.наход чони одам то ин дарачая беарзиш бошад. Худоё ин гумрохиро худат нобуд кун марг ба он инсонеки дар чехраи ислом даст ба амали зишт мезанад. Худоё хакикати исломро ба чавонон насиб куну онхоро аз гумрохи начот дех.

забондон
Бародарони хабарнигор беназир ва бесобиқа дар амалҳои мусбат гуфта мешаванд. ба кор бурдани ин мафоҳим дар ин ҳодиса он қадар дуруст нест

Ин Салафихои Доиш номи Исломро догдор кардаистоданд Исломи инхо чигуна бошад,ки Мардуми бе гунохро мекушанд.
Ба Чавонхое,ки Фирефтаи инхо мешаванд гуфтаниям,ки аз
Исломи Вокеи бохабар шавед
Корхое,ки инхо мекунанд Ислом кабул надорад.

Вафо
Ин хамларо яхудихо ташкил кардаанд, токи Франсуа Олланд ба Туркия наравад ва Рухони презиленти Эрон ба Франсия наравад. Ин сафархо бояд дар хамин як ду руз анчом мешуд. Лекин холо мебинед ки онро ягон гурухи ба ном исломи ки бо яхуд хамкори дорад ба гардан мегирад.

Мехмон
Забондон хато мекунед. Ходисаеро ки назир (шабех ё монанд) надорад, чи мусбат бошаду чи манфи, беназир мегуянду собика надоштаашро бесобика. Мутаассифона боз мардуми бегуноху осоишта аз дасти ин сагони девона чон доданд. Пахншавии хатари терроризм дар тамоми чахон натичаи сиёсати Амрикову муттахидонаш хаст, ки пайдарпай зидди хукуматхои конунии кишвархои шарки наздик табаддулот ташкил мекунанд ва демократия овардани мешаванд ба мамлакатхое, ки аз руи конунхои худ рушд доранд. Бо ин террористон чунон рафтор кардан лозим аст, ки бо сагони девона мекунанд - яъне дар чояш паррондан, несту нобуд кардан даркор аст, чунонки артиши Русия, Сурия, Эрон карда истодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)