Бахшҳо
16 ноя 2015 15:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазири додгустарӣ: Занҷонӣ додгоҳро масхара мекунад

Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустарии Эрон, вуҷуди миллиардҳо еврои Бобак Занҷонӣ, тоҷири боздоштшудаи ин кишварро дурӯғгӯӣ хонд. Ин мақоми эронӣ дар 21 -умин намоишгоҳи матбуот ҳангоми посух ба ин пурсиш, ки Бобак Занҷонӣ иддао мекунад дар ҳоли ҳозир 22 миллиард евро дар ҳисоби бонкиаш дар хориҷ дорад, гуфтааст: “Ончи медонем ин як дурӯғи бузург аст ва чунин афроде ҷасорат мекунанд ва мардумро ба масхара мегиранд, аммо додгоҳ ҳушёр аст.”

Пурмуҳаммадӣ афзудааст, ки “ин оқо додгоҳро майдони масхарабозӣ фаҳмидааст. Пули мамлакат ба тороҷ рафта, вале ҷои он ки ӯ ва атрофиёнаш посух диҳанд чаро пулҳоро бурда ва хурдаанд, ҳоло мехоҳанд моро ба бозӣ дароваранд”.

Вазири додгустарии Эрон таъкид кардааст, ки ба ҷои ин ки мардумро бо ин ҳарфҳо даргир кунем, вакили Бобак Занҷонӣ бояд ҷавоб бидиҳад, ки пулҳо куҷо шуданд: “Ин ки пул ва дороиҳои зиёд дорад ё на, ба мо рабте надорад. Мо мехоҳем он чи ки аз байтулмол рафта боз гардад. Давлат замин, сохтмон ва мошини зиёд дорад. Амволи шахсии Бобак Занҷонӣ пешкаши худаш. Пули давлат ва байтулмол рафтааст ва ӯ бояд ин пулро баргардонад”.

Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ то ҳол дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон дастгоҳи пурқуввати электронии сабти гуфтугӯҳоро дорад, ки пулиси тоҷик аз он истифода мебарад. Ӯ дар ин мурофиа гуфта буд, ки дастгоҳи мазкур серверҳои нерӯманди зеризаминӣ дошта, тавони сабти муколамаҳоро дорад. Инчунин ҳушдор дод, ки агар зарур ояд, муколамоти мақомоти эрониро фош хоҳад кард. Аммо, мақомоти Тоҷикистон ин иддаои Занҷониро рад карданд.

Баъдан, ин миллиардери эронӣ дар мурофиа 2 ноябр иддао кард дар Тоҷикистон “Ситӣ Сентр” дорад, ки метавонад ба ивази қарзҳояш ба ширкати нафтии “НК” диҳад. Аммо Ғуломҳусайн Содиқӣ, вакили мудофеи ширкати нафтии “HK”, ки Бобак Занҷонӣ аз он 1 милиарду 427 миллиону 500 ҳазор евро қарздор аст, иддаои ӯро рад кардааст. Ин вакили мудофеъ изҳор доштааст, “Ситӣ Сентр”, ки Занҷонӣ иддао карда буд дар Тоҷикистон дорад, “як тикка замини кандашуда аст”.

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
Суд
Ошкор гуед дусти баьзе аз макомоти точик не,

skazi kto tvoi drug ia skazhu kto ti!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)