Бахшҳо
16 ноя 2015 16:11Тоҷикистон / Сиёсат

Кафолати раиси Сено: Тоҷикистон аз хоки Афғонистон осеб нахоҳад дид

Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси маҷлиси Сенои Афғонистон бо Шарофиддин Имомов сафири Тоҷикистон мулоқот кард.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” дар ин дидор Имомов бар густариши равобити ду кишвар таъкид кард ва Афғонистонро наздиктарин ва боэътимодтарин ҳамсояи Тоҷикистон хонд. Сафири Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ду сол пеш талош кардааст, то Русияро мутақоид кунад, ки ба Афғонистон болгардҳои низомӣ ва силоҳҳои сангин бидиҳад.

Муслимёр зимни қадрдонӣ аз ҳамкориҳои неки Тоҷикистон дар давраҳои мухталиф изҳор дошт: “Афғонистон дар густариши равобити худ бо кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Тоҷикистон аҳамияти фаровон қоил аст ва итминон медиҳад, ки аз хоки Афғонистон ҳаргиз Тоҷикистон осебе нахоҳад дид”.

Раиси маҷлиси Сенои Афғонистон ҳамчунин хоҳони тавсеаи равобити тиҷорӣ, осонӣ дар судури раводид ба тоҷирону беморон, таҳкими муборизаи муштарак алайҳи тероризм ва қочоқи маводи мухаддир шуд.

Ин мулоқоту изҳорот дар ҳолеянд, ки Ҳикмат Халил Карзай , муовини вазири умури хориҷии Афғонистон 15 ноябр зимни як ҳамоиш дар Кобул аз ҳузури ҷангиён дар марз бо Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки танҳо дар амалиёти моҳи сентябр дар Қундуз беш аз 1300 ҷангии хориҷӣ аз Покистон, Тоҷикистон, Чин ва кишварҳои дигар иштирок кардаанд.

Ноиби вазири умури хориҷӣ гуфтааст, ҷангиёни мазкур ба гурӯҳҳои Ал-Қоида, “Давлати исломӣ”, Ҳаракати исломии Узбакистон ва ғайра марбут мебошанд.
Мӯҳр
Ситора
Фазл Ходи Муслимер Дурух мегуяд Генералхои Афгон Худашон мехоханд аз давлати Худашон Фирор кунанд ба Точикистон биеянд

Генералхои Афгон Гурерха ба Точикистон омаданиханд Ин Фзл Ходи Муслимер ба мардуми Тлчик Афсона накл дорад

шумо читари жрналистен И Сено не Сано Верхная палата Мишрони Чирга

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)