Бахшҳо

Тирпаронии пулис ҳангоми боздошти ҷавони тоҷик: Шариконаш моро иҳота карданд...

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, истифодаи силоҳ аз сӯи пулис ҳангоми боздошти Абдулмаҷид Каримҷонов, шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон дар қаҳвахонаи “Персия”-и Қазонро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Тибқи иттилоияи мақомоти умури дохилии Русия кормандони пулис ҳангоми боздошти Каримҷонов дар иҳотаи шарикони ӯ мондаанд ва барои халосӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Мақомоти дохилии Русия ин ҷавони тоҷикро дар роҳзанӣ ва акнун дар муқобилият алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ муттаҳам мекунанд: “Каримҷонов шиносашро, ки аз ӯ дар кӯчаи Агрономии Қазон манзил ба иҷора мегирифтаасту 31 октябри соли равон барои маблағи иҷора омадааст, бо корд маҷруҳ намуда, 10 ҳазор рублашро низ гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”.

Мақомоти умури дохилии Русия мегӯянд, соати 1-и шаби 1 ноябр баъди дарёфти иттилоъ, ки Каримҷонов бо ҳамроҳии шариконаш дар қаҳвахонаи “Персия” дар кӯчаи Зоргеи Қазон қарор дорад, барои боздошташ маъмурини пулис равон шудаанд: “Аммо ҳангоми боздошт ӯ муқобилият нишон дода, ба маъмурини пулис зарба задааст. Баъди он, ки кормандони пулис ӯро боздошт карда, берун баровардаанд, дар иҳотаи 15 шарикаш мондаанд, ки талоши халосии ӯро кардаанд. Танҳо баъди тирпаронӣ ба ҳаво шариконаш фирор намудаанд”.

Ин иттилоъ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Кумитаи тафтишотии Русия маъмурини пулис дар либоси мулкӣ қарор доштаанд. Манбаъ мегӯяд, феълан Каримҷонов дар ҳабси хонагӣ қарор дошта тафтиши ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)