Бахшҳо
17 ноя 2015 15:09Тоҷикистон / Сиёсат

Баъди теракти А321: Русия амнияти парвозҳо ба Тоҷикистон ва 46 кишварро пурзӯр мекунад

Дар пайи тасдиқи иттилоъ, ки ҳавопаймои А 321-и Русия дар Миср бар асари амали террористӣ суқут кардааст, мақомоти ин кишвар ба ширкатҳои ҳавоии худ тавсия додаанд, ки амнияти парвозҳо ба 47 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро пурзӯр кунанд.

Мақомоти Русия ба ширкатҳои ҳавоии худ тавсия додаанд, ки хориҷиҳоро то ҳадди имкон ба хизматрасонии ҳавопаймоҳояшон роҳ надиҳанд. Тибқи тавсиянома, ки ба ширкатҳои ҳавоии Русия равона шудааст, ширкатҳо бояд миқдори зарурии обу ғизои истеҳсоли худиро дошта бошанду муоинаи техникии ҳавопаймоҳояшонро дар фурудгоҳи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо қувваи худӣ таъмин намоянд.

Ба феҳрасти 47 кишвари ҷаҳон, ки ҳавопаймоҳои Русия бояд зимни парвоз ба онҳо тадобири амниятиро пурзӯр кунанд, аз ҷумла Тоҷикистон, Австрия, Алҷазоир, Албания, Озарбойҷон, Афғонистон, Бангладеш, Булғория, Британияи Кабир, Олмон, Юнон, Миср, Индонезия, Испания, Италия, Ҳинд, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кипр, Қувайт, Либия, Лубнон, Марокаш, Малайзия, Молдова, Мянма, Амороти муттаҳидаи араб, Покистон, Португалия, Руминия, Арабистони Саудӣ, Сурия, ИМА, Судон, Таиланд, Туркманистон, Туркия, Тунис, Фаронса, Филиппин, Черногрия, Уганда, Узбакистон ва Шри-Ланка ворид шудаанд.

Ин тавсиянома дар ҳолест, ки Александр Бортников, директори Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) эълон кард, ҳавопаймои А 321 дар Миср бар асари амали террористӣ суқут кардааст ва ин ниҳод барои иттилоъ дар бораи омилони ин фоҷеа, ки 224 кушта барҷой гузошт, 50 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)