Бахшҳо
18 ноя 2015 09:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Синдроми хоби абноӣ: Иқдоми нави профессор аз Хюстон дар беморхонаи Ибни Сино

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

14 ноябр дар Бемористони Ибни Сино конфронси навбатии тематикӣ дар мавзӯи "Синдроми хоби абноӣ" бо ширкати мутахассиси эронӣ доктор Шарафхона Амир доир гардид. Доктор Шарафхона Амир професори Донишгоҳи давлатии иёлати Хюстони Тегзоси ИМА буда, дар баробари ин сарварии бахши беморҳои хоб ва бемориҳои шуши бемористони Хюстонро низ ба ӯҳда доранд. Доктор Шарафхона дорои дараҷаи тахассусии тиббӣ дохилӣ аз ИМА, дараҷаи тахассусии бемориҳои шуш (пулмонология), дараҷаи тахассусии муроқибатҳои вижа аз ИМА (intensive care) ва дараҷаи тахасусии бемориҳои дар ҳоли хоб (синдроми хоби абноӣ) аз ИМА мебошад. Манзур аз боздиди доктор Шарафхона аз Бемористони Ибни Сино ифтитоҳи бахши баррасиҳои хоб дар бемористон буд ва музокироти зарурӣ барои шурӯъ ба ифтитоҳи ин бахш бо масъулини бемористон сурат гирифт. Аҳамияти бемориҳои дилу рагҳо ва инсулт дар ҷараёни хоб, бо таваҷҷӯҳ ба пешрафтҳои ба даст омада, дар заминаи бемориҳои дил ва рагҳо дар ҷараёни хоб дар ду даҳаи охир, зарурати таъсиси маркази баррасии бемориҳои дар айни хоб ва фароҳам кардани имконоти табобати ин бемориҳоро тақозо мекунад. Бемориҳои дар айни хоб (синдроми хоби абноӣ) дар ҳудуди беш аз 85% беморони дучори фишори хун, фибролятсияи даҳлезӣ, фарбеҳӣ, диабети қанди навъи 2 юм, импотенсия ва шуш вуҷуд доранд. Мавзӯи мазкур комилан нав буда, барои беморони мазкур аҳамияти вижа дорад. Дар ҷараёни ин беморӣ роҳҳои ҳавоӣ яъне ной дар айни хоб ба сурати давораи баста мешавад ва ба коҳиши сатҳи оксиген дар хун сабаб мегардад. Барои мисол сатҳи оксигени хун аз 95% и ҳолати оддӣ ба камтар аз 50% мерасад. Камбуди оксиген ҳангоми хоб дар навбати худ боиси тез задани дил, тахикардия ва афзудани фишори хун мегардад. Ин ҳолат боиси болоравии фишори зиёди хун, норасоии кори дил, оритмияҳои қалбӣ, пайдоиши диабети қанд, бемории шуш ва норасоии ҷинсӣ дар мардҳо мешавад. Дар кӯдакон вуҷуди ин ҳолат боиси коҳиши рушди ҳуҷайраҳои мағзӣ мегардад. Барои ташхиси ин беморӣ бояд беморон ба муддати ҳадди ақал як шабонарӯз мавриди муоина бо анҷом додани тести хоб қарор гиранд. Бо анҷоми тести хоб мушаххас мешавад, ки оё бемор дучори хоби абноӣ ҳаст ё не. Агар бемор дучори хоби абноии шадид ё миёна гашта бошад бояд таҳти дармон қарор гирад. Дармонҳои мавҷуд анҷоми бархе дармонҳои дандонпизишкӣ ё дармони қисмати ҳалқро дар бар мегиранд ва дар бештари маврид дармони ин беморӣ бо истифода аз дастгоҳи CIPAP ё BIPB анҷом дода мешавад. Беморон бо истифода аз ин дастгоҳ аз мушкили боздошти нафаскашӣ (вақфаи танаффусӣ) раҳо шуда, норасоии кори дил, диабет, фишори хун, норасоии ҷинсӣ, бемориҳои шуш дар онҳо дармон меёбанд ва қудрати тафаккур ва тамаркузашон дар тӯли рӯз беҳбуд меёбад. Илова бар ин, чун ин дармон муҷиби коҳиши хоболудагӣ дар айни рӯз мегардад эҳтимоли садама дар натиҷаи тасодуфоти ронандагӣ ва мушкилоти дигар кам мегарданд. Дар кӯдакон низ ин дармонҳо мӯҷиби беҳбудӣ ва рушди мағзии онҳо мегардад. Дар боздиди доктор Шарафхона ва дар суханронии эшон дар Бемористони Ибни Сино ва Беморхонаи марказии Қарияи Боло маҳз ин мавзӯот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин барномаи лозим барои роҳандозӣ ва таъсиси маркази хоб дар Бемористони Ибни Сино, таҳияи васоили зарурӣ барои дармон ва ҳамчунин роҳандозии бахши бемориҳои шуш, дар ояндаи наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳр
Sukhandon
Ozodagon dar hamiqadar jiy chand sahve karded????
Донишгоҳи давлатии иёлати Хюстони Тегзоси ИМА буда........
Savol Shumo baroi chi klinikai shakhsiro hamesha reklama mekuned???

Синдроми хоби абноиро илтимос ба руси тарчума карда теетон!

Илтимос хамин "синдроми хоби абнои"-ро ба руси тарчума карда теетон! Зарур.

Синдроми хоби абнои - Cиндром сонного абноя!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)