2 миллион $ кӯмаки Қазоқистон ба осебдидагони Рашту Бадахшон
Қазоқистон кӯмаки башардӯстона дар ҳаҷми 2 миллион доллар ба Тоҷикистон равона кардааст.
Дар ин бора аз сафорати Қазоқистон дар Душанбе иттилоъ дода, гуфтанд, қарори ирсоли ин кӯмак ба Тоҷикистон ҳанӯз аз 29 октябри соли ҷорӣ содир шуда, аз захираҳои моддии давлатӣ ва дороиҳои моддии Қазоқистон ба маблағи умумии 2 миллиону 99 864 доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон дар ҳаҷми 43 вагон, иборат аз равғани растанӣ консервҳои гуштӣ, шир, равған, шакар, биринҷ, таҷҳизоти металӣ ва шифер дар роҳ ба Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад кӯмаки башардӯстона дар робита бо офатҳои табиӣ, ки дар водии Рашт ва Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ дар моҳи июли соли 2015 ба вуқӯъ омаданд, ҷудо карда мешавад. Кумаки навбатии Қазоқистон ба осебдидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон бори аввал набуда қаблан низ, ду маротибаи дигар ин кишвар масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти хурокворӣ ирсол карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |