Гирдомадагон: Аз сафорати Олмон посух гирифтем, назди сафорати Амрико меравем

Як гуруҳ ҷавонони тоҷик, ки охири моҳи октябр бо баргузории як ҷамъомад дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумалик Абдуллоҷонов, Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабириро талаб карда буданд, барои дарёфти посух дар назди сафоратҳои Олмон ва Амрико дар Душанбе гирди ҳам омадаанд.
Аслиддин Хушвахтов, яке аз ин ҷавонҳо, имрӯз, 19 ноябр бо “Озодагон” дар тамос шуда, изҳор дошт, ки масъулини сафорати Олмон назди ҷавонони ҷамъомада баромада, изҳор доштнад, ки сафир феълан дар Олмон аст ва посухи расмӣ аввали моҳи декабр дар ҳузури хабарнигорон ба ин гуруҳ ироа хоҳад шуд. Хушвахтов афзуд, ки феълан ҷавонон дар роҳ ба сӯи сафорати Амрико қарор доранд: "“Имрӯз, 19 ноябр, соати 11:00 дар назди сафорати Олмон ҷамъ омадем ва баъди гирифтани посух, акнун дар роҳ ба назди Сафорати Амрико қарор дорем. Дар маҷмуъ 400 нафарем, аммо дар назди сафорат 6-7 нафар ҷамъ мешавем”.
Қаблан- 27-уми октябр гуруҳи ҷавонон аз Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ- ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор” –ро ҷинояткорҳое, хондаанд, ки дар кишварҳои Аврупою Амрико паноҳ ёфтанд. Гуруҳи ҷавонон аз Аврупою Амрико муҷозоти афроди зикршударо талаб карданд, чун ба гуфтаи онҳо Кабирӣ, Атовулло ва Абдуллоҷонов ба иғвоангезӣ машғул буда, қасди ноамнӣ дар Тоҷикистонро доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |