“Миллиардҳои бачаҳои мо дар офшор”: Суоли Ғаффоров, посухи раиси БМ ва ҳушдори Зуҳуров

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли маблағҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ зери назорати қатъист.
Нурмуҳаммадзода 18 ноябр дар посух ба суоли вакили парлумон, Абдуҳалим Ғаффоров дар мавриди маблағи шаҳрвандони кишвар дар минтақаҳои офшорӣ изҳор дошт, ки “дар Бонки Миллӣ Департаменти мониторинги молиявӣ гардиши пулҳоро назорат мекунад. Маблағҳое, ки берун мераванд бо боварии том гуфта метавонам, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд”.
Дар пайи ин изҳороти раиси Бонки Миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон суол гузошт, ки “оё маълумот дорем, ки чанд миллион пули бачаҳои мо дар берун асту намехоҳанд, ин ҷо биёранду сарф кунанду як чиз барои бачаҳояшон монад?”
Раиси Бонки Миллӣ посух дод, ки чунин иттилоъро надоранд ва ишора ба сирри бонкӣ намуд.
Аммо Шукурҷон Зуҳуров надоштани чунин иттилоъро бад хонда, онро камбуди кор донист: “Ин бад аст, пас кор нест. Ҳама ба воситаи бонк мегузарад, пулро бо ҷомадон бурда наметавонанд. Мо бояд донем, албатта ҷанбаҳои махфӣ ҳаст, аммо бояд таҳлилу ҳисоб кунем, ки чаро берун мебаранд”.
Зуҳуров аз афви амвол зикр карда, таъкид намуд, ки сармоядорҳои тоҷик натарсанд, амволро кушоянду ба фоидаи Ватан истифода кунанд. Ӯ бо зикри вазъи феълӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод, ки имкони маҳрум мондан аз маблағҳо дар бонкҳои хориҷӣ низ зиёд аст. Ӯ қазияи таҳримҳои Русияро мисол овард, ки махфияти бонкӣ бепоя шуду суратҳисобҳои тоҷирони Русия дар хориҷ баста шуданд: “Бизнесменҳо наметавонанд пулҳояшонро гиранд”.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар замони муосир, ки гуфтушунидҳои махфии хадамоти махсус интишор шуда истодаанд, махфӣ мондани маблағҳоро дар хориҷ ғайриимкон хонд: “Бояд таҳлил шавад. Ба мақсади он, не, ки як касро ёбем, ки пул доштаст. Ҳадаф бигзор дар Ватан сармоягузорӣ кунаду фоида гирад. Масалан дар бонки Шумо агар гузоранд, 16 фоиз фоида мегирад, аммо дар хориҷ ин нишондод 0,5-3 фоиз аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |