Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати наваскарон иҷро гардид
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз аввали моҳи октябр оғоз гардида, имрӯз, 20 ноябр, 10 рӯз пеш аз муҳлат, сад дар сад иҷро гардид: “Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон то 30 ноябр пешбинӣ гардидааст ва муддати 10 рӯзи дигар комиссариатҳо кори худро пеш мебаранд”.
Фариддун Маҳмадалиев бо такя ба таҳлилҳо таъкид намуд, ки сол то сол сафи ихтиёриён барои хидмати ҳарбӣ афзоиш ёфта истодааст.
Дар даъвати тирамоҳии наваскарон, ки бо фармони раисиҷумҳур аз 1 октябр оғоз гардид, шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1988-1997 ба хидмат ҷалб гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |