Бахшҳо

Вазири молия: Пули барқу гази камбизоатҳоро мепардозем

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар буҷети давлати соли 2016 барои ҳар оилаи камбизоат 400 сомонӣ кумакпулӣ пешбинӣ гардидааст.

Абдусалом Қурбониён зимни баррасии буҷа барои соли 2016 ба саволи Хайриниссо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намяондагон дар мавриди тадбирҳо барои беҳбуди зиндагии хонаводаҳои ниёзманд, посух дод, ки барои оилаҳои камбизоат якчанд намуди кумакпулиҳо, аз қабили пардохти маблағи газу барқ пешбинӣ шудааст.

Вазири молия афзуд, дар баробари пардохти маблағи барқу газ, ба хонаводаҳои камбизоате, ки фарзандонашон дар мактабҳои ибтидоӣ мехонанд кумакпулии нақд дода мешаванд: “Маблағҳо ба сари ҳар як оила 400 сомониро ташкил медиҳад. Ин барнома дар якҷоягӣ бо институтҳои молиявӣ таҳия шуда, феълан 25 ноҳияи пиллотиро дар бар мегирад ва соли оянда боз 15 шаҳру ноҳияҳои дигар зам мешаванд”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон масъалаи ба низом даровардани кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоатро муҳим хонда, аз вазири молия ва дигар ниҳодҳои марбута хост, оилаҳои камбизоатро дуруст муайян кунанд: “Меъёрҳоро муайян ва дар ҳукумат тасдиқ кардан даркор, зеро дар қишлоқҳо як қисмашон ҷанҷолро мебардоранд. Мебинӣ дар боло 40-50 сар гусфанд дораду мегӯяд, ки мо ҳам ҳеч чиз надорему барои чи оилаи камбизоат ҳисоб намешавем?”.

Раиси Маҷлиси намояндагон беҳтар хонд, ки кӯмакпулии давлат дар шакли нақд ба оилаҳои камбизоат пардохта шавад, то худашон ҳал кунанд, ки маблағро барои барқ ё либоси фарзанд харҷ кунанд: “Дар чунин шакл ҳис мекунад, ки маблағ гирифтааст”.
Мӯҳр
Фуркат
Ана ин гапи дигар офарин

Сиевуш
Хеч гап набудаст охир вазир!!! Мардуми бечора нони хурдани надораду коргарони вазорати Шумо бо айгу ишрат машгуланд! Аз худо битарсед!
Аз ин дуне нагз е бад меравем-ончо ба амалкарда бояд чавоб дод!!!

Душанбеги
Аввал маоши мардумро баланд кунед. Барои ваъдаи маоши баланд хамаи премияхоро бастед.

farmon
аз худо шарм кунен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)