20 ноя 2015 15:58---
Кумитаи амният теъдоди тоҷикони кушташудаю пайвастшуда ба “ДИИШ”-ро эълон кард
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди тоҷикистониёни пайвастшуда ба ДИИШ феълан зиёда аз 700 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод то ҳол беш аз 300 нафари тоҷикистониёни пайвастшуда ба “ДИИШ” ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ афзуд, ки то имрӯз шахсияти зиёда аз 417 нафари тоҷикистониёни пайвастшуда ба ДИИШ ба пуррагӣ муайян шудааст, ки аз ҷумла 87 нафари онҳо сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.
Мақомоти амният таъкид мекунанд, ки танҳо дар як соли ахир нисбати 394 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар амалиёти ҷангии хориҷӣ 370 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои манбаъ моҳи июни соли 2014 ба Кодекси ҷиноии кишвар моддаи нав (401-прим.-1)-“Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламарави дигар давлатҳо” ворид гардид, ки ҷазо дар намуди ҳабс аз 12 то 20 соли зиндонро муқаррар намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |