Бахшҳо
21 ноя 2015 16:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Бизнес-леди”-ҳои тоҷик: Ашк рехту кор кард, то муваффақ шуд

Рӯзи 20 ноябр Форуми соҳибкорзанон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, ки дар он занон аз гӯшаву канори Тоҷикистон иштирок доштанд. Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, cафорати Амрико, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ барпо гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин форум рушди соҳибкории занон буда, пешниҳод гардид, ки занон дар ин ҷода бештар дастгирӣ ёбанд. Гулбаҳор Маҳкамова, директори кулли Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва муовини директори ИМОН Интернешнл иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир ташкилоти онҳо зиёда аз 100 ҳазор мизоҷонро фаро гирифта, ташкилот дорои 2 ҳазору 500 узв мебошад: “Ман фахр мекунам, ки тавонистем занони фаъолро сарҷамъ карда, бо онҳо кор кунем, ки ин пешравии мо мебошад”.

Инчунин хонум Маҳкамова иброз дошт, ки занҳо ба кумакҳои хос ниёз доранд, аз ин рӯ бояд онҳоро дастгирӣ ва барои рушди соҳибкорӣ занҳоро ҷалб кард. Ба гуфтаи ӯ нокифоягии дониш барои соҳибкорӣ, надонистани тарзи пешниҳоди моли худ дар бозор ва норасоии маблағи кофӣ барои рушд ёфтани соҳибкорӣ барои занон монеа эҷод мекунад: “Бори аввал мо 700 доллари амрикоӣ аз бонк қарз ва 2 ноутбукро иҷора гирифа, ташкилоти худро бунёд кардем”.

Матлуба Улҷабоева, раиси раёсати Асоссиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон низ аз кумак ба занон дар масъалаи соҳибкорӣ дастгирӣ намуд ва гуфт, ки бояд ба онҳо кумак кард.

Инчунин Улҷабоева ба сару либоси занон ишора намуд: “Дирӯз як хонум ба ман занг зад, ки дар форум чӣ гуна либос ба бар кунад, вале ман мегӯям ҳар касе чӣ хеле мехоҳад, хоҳад ба рӯймол биёяд ё хоҳад бе рӯймол биёяд. Набояд мо ба ин кор бигирем”.

Ба гуфтаи Манижа Ҳаитова, директори Ассосиатсияи соҳибкории иноватсионӣ ва технологии Тоҷикистон имрӯз барои занони мо мушкил аст, ки дар танҳоӣ зиндагиро пеш баранд, занҳо осебпазир ҳастанд: “Тибқи як тадқиқот Тоҷикистон дар масъалаи бо кор таъмин кардани занҳо ҷои 40-умро мегирад. Ва дар масъалаи ширкати занҳо дар сиёсат бошад дар қатори 145-ум қарор дорад”.

Замира Самадова, директори ширкати машваратии “Имон консалтинг” иброз дошт, ки занҳо ҳисси масъулиятнокӣ дошта, бояд ба худ боварӣ карда, иқтисодиёти кишварро боло баранд.

Сурайё Уроқова, директори ширкати сохтмонии “РИЕЛ-Д”, ки ба бунёди биноҳои баланди истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе машғул мебошад, иброз дошт, ки то ба муваффақият расидан чандин маротиба ашк ҳам рехтааст: “Ман ният дорам, ки як бинои истиқоматиро дар моҳи декабри соли равон ифтитоҳ кунам. Ва мо занҳо қодир ҳастем ҳамаи корро кунем. Ҷудо кардани соҳибкории занон ва мардон мантиқан на онқадар дуруст аст, вале дар доираи он ки занони мо ниёз ба кумак доранд, аз ин рӯ баргузории ин форум ба онҳо имконият медиҳад, ки бо роҳи дастрасӣ ба тренингҳо савияи дониши худро бардоранд”.

Инчунин дар ин форум Кэрин Шимпан, президент ва директори ширкати “EGI Development” иброз дошт, ки агар дар оила зан коргар бошад ҳам фарзандонаш ба серӣ хӯрок мехӯранд ва ҳам фавти кӯдакон кам мешавад. Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки занонро ҳунарҳои дастӣ омӯзонида, аз ин зиндагии худро пеш баранд. Инчунин ӯ аз суханони Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷаи Амрико ёдовар шуд, ки дар яке аз ҷаласа гуфтааст “Занҳо дар рушд як нақши беназир доранд ва ҳунарҳои дастӣ чизи муҳим мебошанд барои оғози кор. Занҳое, ки истеъдод доранд бояд онҳоро дастгирӣ намуд”.

Ба гуфтаи хонум Шимпан дастрасӣ надоштан ба молия яке аз мушкилоти муҳим мебошад ва аз он ки занон моликият надоранд, муассисаҳои қарздиҳӣ низ ба онҳо эътимоди кам доранд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)