Бахшҳо

Сафорат: Аз номи мо дар Маскав ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мефурӯшанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, вақтҳои охир шахс ё гуруҳҳои ҷиноятпеша аз номи Хадамоти консулгарии сафорат ба ивази маблағи муайян барои шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои қалбакиро таҳия мекунанд.

Сафорати Тоҷикистон, имрӯз, 23 ноябр бо пахши як иттилоия шаҳрвандони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, таъкид намудааст, ки афроди ҷиноятпеша аз ҷумла “Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан”, санади тарҷумаи шиноснома, шиносномаи дохилии шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто шиносномаи хориҷии биометрии қалбакиро дар қаламрави Маскав таҳия карда, фурӯхта истодаанд.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки ин амали ҷинояткорон бар асоси моддаи 327-и Кодекси ҷиноии Русия ҷавобгарӣ дорад ва бо дархости сафорат феълан мақомоти Русия ба таҳқиқи ин ҳодисаҳо шуруъ кардаанд. Сафорат аз шаҳрвандоне, ки дар мавриди таҳиягарони асноди қалбакии Тоҷикистон иттилоъ доранд, даъват намудааст, ки тариқи рақамҳои 8 (495) 690-38-46, 8 (495) 690-41-86 ба намояндагии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Мӯҳр
Сироҷдин
ин узри бадтар аз гуноҳ аст
агар як ҷинояткор тавонад ба осонӣ “Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан”, санади тарҷумаи шиноснома, шиносномаи дохилии шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто шиносномаи хориҷии биометрии қалбакиро созад ва фурушад пас ВОЙ БАР ҲОЛИ сафорату давлату давлатдорӣ бо ин сатҳи пасти амниятии санадҳои муҳимаш
як шиносномаи биометри 100 т 150 доллар аст пас чаро инкадар бе кайфият аст, ки ба осонӣ нусхаашро ҷинояткорон месозанд

Мухтарам коргарони Сафорат шумо ки маблагхои ин аснодро мувофики нархи давлатиаш фурушеду да вакташ ба шахрвандон аснодро пешкаш кунед касе аз пайи асноди калбаки нахохад шуд. Хади акал каме хам бошад дар бодояш то 50% монед кифоя охир анкадар чабру ситамам недаа. Боз коратон факат гилла куни.

мухочир
Ин чи дахшат?!!!!Ки нони сафоратро нимто кард?!!!!)))))))))))))

Саид
Кори мардуми бечораро буд кунед, дар доми чинояткорон наафтанд! Барои як хучат хафтахо дар пушти даратон меистанд ва аз ин бемасъулиятии шумо дигарон истифода мекунанд!

Абдуллоҳи Иззом
Аз номи сафорат касе намефурушад ин худи сафоат ин гуна ҳуҷатҳоро мефрушад вашояд ҳам савдои инҳо кам шудаст аз ҳамин сабаб инҳо фикр карданд ки касе дигаре мефурушад ҳуҷҷатҳо ро

Сиёвуш
Мардуми бечора дигар чи кор кунад??? Сафорат ба бозори Корвон мубаддал гаштааст!!! Хатто кормандони Сафорат нисбат ба точикон тундрафторанд! Вакте, ки ман ба Сафорат барои хуччати бозгашт ба ватан рафтам - он чи ки ман дидам ногуфтанист. На тартибот! На интизом! На хурмат! На эхтиром! --- аниктараш савдо миёни мигранти бечораю саргардон ва кормандони бе аклу, фаросату, одобу, дониши сафорат!!!
ШУМО МАРДУМРО МАЧБУР КАРДЕД, КИ АЗ ДИГАРОН ОН ХУЧЧАТХОРО ХАРИДОРИ НАМОЯНД!!! МУХТАРАМ САФОРАТЧИХО НАФСРО НИГАХ ДОРЕД! ХУДО КОДИР ВА ТАВОНОСТ! АЗ МАРДУМ ХУДАТОНРО БОЛО НАГИРЕД - ДЛЯ РУССКИХ МЫ ВСЕ ...!

Чи фарқ дорад, ки ин ҳуҷҷатро аз Шумо харанд ва ё аз ин гурӯҳ? Баръакс аз ин гурӯҳ харидан манфиаташ беҳтараст,зеро вақти бисёрро талаб наекунад.

агар худи сафорат бюрократия ва порагириро дар ин самт хотима диҳад ҳоҷат ба фурӯши асноди қалбакӣ намемонад. танҳо порагирии кормандони консулгарӣ ва сафорати Тоҷикистон дар РФ сабаб шудааст, ки чунин омилҳо сар зананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)