Бахшҳо

Толибон болгарди низомии Афғонистонро водор ба фуруди изтирорӣ кардаанд

Толибон як болгардро дар шимоли Афғонистон ҳадаф қарор доданд. Мақомоти амниятии Афғонистон эълом карданд, ки асри дирӯз 24 ноябр як болгард бо 21 сарнишин маҷбур ба фуруди изтирорӣ дар минтақаи Паштункути вилояти Форёб шуд. Минтақае, ки болгард дар он фуруд омадааст, таҳти контроли Толибон аст.

Дар ҳамин ҳол сокинони минтақаи Паштункут ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки ин болгард бар асари шилики Толибон маҷбур ба фуруди изтирорӣ шудааст.

Аммо, Сайидоқо Соқиб, фармондеҳи пулиси Форёб ба хабаргузории “Reuters” гуфтааст, ки мушаххас нест ин болгард чаро маҷбур ба нишасти изтирорӣ шудааст. Ӯ нишасти изтирории болгарди артиши миллии Афғонистонро таъйид карда, афзудааст, ки дар пайи он 13 сарбози афғон ба асорати Толибон афтодаанд.

Форёб аз вилоятҳои шимолии Афғонистон аст, ки Толибон дар як соли ахир манотиқи мухталифи онро ҳадафи ҳамалоти худ қарор додаанд. Ҳарчанд Абдулрашид Дустум, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон ҳамалотеро ба манзури поксозии ин вилоят анҷом дод, аммо Толибон ҳамчунон дар ин вилоят ҳузур доранд.
Мӯҳр
Озодагон! Точики нависен, соз нафахмидем, болгард, шилик, изтирори.....ва як катор калимохои нофахмо, дар назди мошини чоп куни ягон афгон харф мечиндабошад

"Асри дируз"-аш чи маъно дорад

Ҳоҷӣ
Ин болгардаш боз чист? Шумо тоҷикед ё бо ягон забони дигар ҳарф мезанед? Э, тоҷикиро ҳам расво кардед ку! Бас будагист ихтироъкорӣ...

тавба! хазор бор тавба! 7 забонро медонам тамоми энсиклопедияхову комусхои форси дари точикиро назар кардам калимаи болгардро вонахурдам. Ту хакатан ооооооолииим будаи "шабноманигор"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)