Дипломати эронӣ: Сарнагун шудани ҷангандаи Русия “пайёми ғалат ба террористон” аст
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон сарнагун шудани ҷангандаи Русия дар марзи Туркия ва Сурияро “пайёми ғалат ба террористон” хондааст.
Ӯ 25 ноябр дар дидор бо Жан Асселборн, вазири умури хориҷии Люксембург афзуда, “Русия ва Туркия ҳар ду ҳамсоя ва дӯсти Эрон ҳастанд. Барои мо бисёр муҳим аст, ки равобити ҳамсоягон самимӣ бошад ва мо ба ҳеч унвон розӣ нестем байни ҳамсояҳо ихтилоф бошад”.
Аз ин дипломати эронӣ нақли қавл шудааст, ки Эрон “таваҷҷуҳи ҳамаро ба хештандорӣ ва ин ки ин иқдомот метавонад ба нафъи террористон тамом шавад, ҷалб мекунад”.
Муҳаммадҷавод Зариф инчунин гуфта: “Ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ба унвони авлавияти беқайду шарт зарурат дорад”.
Ҷангандаҳои Туркия 24 ноябр ҳавопаймои ҷангандаи “СУ 24”-и Русияро дар марзи Сурияву Туркия сарнагун карданд. Туркия мегӯяд, ду ҳавопаймои Русия ҳарими ҳавоии ин кишварро нақз ва ба ҳушдорҳои онҳо бетаваҷҷуҳӣ кардаанд. Аммо Русия иддао дорад, ки ҷангандаҳояш дар марзи Сурия ҳадаф қарор гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |