Эрдуғон: Зарбаи С-400 зидди ҳавопаймоҳо ҳамла ба Туркия аст
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, агар ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар дар ҳарими ҳавоии Сурия бо истифода аз маҷмааи зиддимушакии С-400-и русӣ зада шаванд, Анқара ин ҳолатро ҳамла ба кишвараш унвон хоҳад кард.
Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN изҳор доштааст, рух додани чунин ҳолатро аз эҳтимол дур намедонад ва афзуда, дар ин сурат Туркия “иқдоми фаврӣ” мегирад. Аммо ин чӣ иқдоме хоҳад буд, машаххас накардааст. Президенти Туркия такрор карда, ки Анқара хостори ташаннуҷи вазъ дар минтақа нест. Ба гуфтаи Эрдуғон масъулияти чунин вазъро онҳое бар дӯш хоҳанд дошт, ки аз Сурия ҳимоят мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу дар рӯзномаи бритониёии TheTimes навишт, ки Анқара талош дорад шиддати нофаҳмӣ дар муносибат бо Москваро, бахусус дар мавриди мубориза бо гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” пойин барад.
Мақомоти Русия сарнагунии Су-24-ро аз сӯйи нерӯҳои ҳавоии Туркия “зарба ба пушт” ва “нишони ҳамла” унвон карда, аз таҳримҳои эҳтимолии зидди Туркия хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |