Бахшҳо

Э.Раҳмон гуфт, Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳим ва боэътимоди хеш мешуморем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари корӣ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия қарор дорад, бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, президенти Комиссияи Аврупо ва ноиби президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, дар дидор бо Доналд Туск, президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои гуногуни он ва тамоми кишварҳои узви ин ниҳод манфиатдор ва мо Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморем".

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва амниятӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, қонунгузорӣ ва пойдории демократия изҳори қаноатмандӣ карданд: "Вобаста ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани лоиҳаю барномаҳои аҳамияти минтақавӣ дошта мисли сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа аст амри зарурӣ дониста шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили вобаста ба амну суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки муқовимати якҷоя алайҳи ин хатарҳо идома хоҳад ёфт".

Оқои Раҳмон дар суҳбат бо Жан Клод Юнкер, президенти Комиссияи Аврупо таъкид карда, "Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷабҳа бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва робитаҳои устувори дӯстонаро бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад".

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, "ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи тарҳи КАСА-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқеси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, мавриди таваҷҷӯҳи хоси ҳамсуҳбатон буд".

Эмомалӣ Раҳмон ба Вилҳелм Молтерер, ноиби президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ гуфтааст, ки "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии сармоягузорро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст, ки сатҳи ҳамкориҳоро боло бибарад”.

Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд: "Дар мулоқот инчунин доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000 барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, гуфтугӯ сурат гирифт".

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 2 декабр баъд аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони милали муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз Фаронса ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия сафар кард. Ҳадафи сафари кории оқои Раҳмонро дафтари матбуоташ “вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ” унвон кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)