Махфӣ шудани парвандаи марги Умаралии панҷмоҳа
Вакили мудофеи хонаводаи Умаровҳо зери санаде имзо гузошта, ки ифшо кардани ҷузъиёти таҳқиқи парванди марги кӯдаки панҷмоҳаро манъ мекунад.
Юрий Серов, вакили мудофеаи хонаводаи Рустам Назаров, падари Умаралӣ ба хабаргузории “ТАСС”-и Русия гуфтааст, санадеро имзо кард, ки ифшои ҷузъиёти тафтишотро манъ мекунад: “Ман ҳуҷҷат дар бораи ифшо накардани ҷараёни тафтишотро имзо кардам”.
Умаралӣ Назарови 5-моҳа, шаби 13 ба 14 октябри соли равон баъди чанд соати гирифтанаш аз дасти модар дар беморхонаи Симбалинаи шаҳри Санкт Петербург даргузашт. Марги мармузи ин кӯдаки тоҷик баҳси бузургеро дар ҷомеа барангехт ва ҳатто меҳвари гуфтугӯи Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гардид. Аммо бо ин ҳама модари Умаралӣ Назаровро бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои будубош дар Русия аз ин кишвар депорт ва ҷасади кӯдакашро бидуни ташхис дар Тоҷикистон ба хок супурданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |