Бахшҳо

Мусодираи маблағҳои як сокини Ёвон барои фаъолияти ғайриқонунии мубодилаи асъор

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷиши муштарак бо Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар фаъолияти 18 нуқтаи мубодилаи асъор ҳолатҳои нақзи қонун ва камбудӣ ошкор кардааст.

Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, ин саррофиҳо ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Ориёнбонк”-и ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Вахдат ва шаҳри Норак мутаалий будаанд: “Дар аксари нуқтаҳои мубодилаи асъор камбудиҳои зерин, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби хариду фурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, бесабаб фаъолият накардани баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ба қайд гирифта шуданд”.

Манбаъ меафзояд, дар ноҳияи Ёвон як ҳолати фаъолияти ғайриқонунии мубодилаи асъор аз ҷониби як сокини ноҳия ошкор гардида, маблағҳои он мусодира карда шуданд. Ин ниҳоди молӣ таъкид мекунад, интизоми молиявӣ дар як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбат ба рӯзҳои гузашта беҳтар гашта, андозаи бешомаду камомади маблағҳои пулӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбатан кам гардидааст.

Ба иттилои Бонки миллӣ, “нисбати кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки ба амалҳои ҳаннотӣ даст зада, талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро дағалона вайрон кардаанд, чораҳои таъсиррасонӣ татбиқ шуда, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шудааст, ки онҳоро аз кор озод намоянд. Вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Ориёнбонк” чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида шуданд”.

Дар пайи бо шиддат боло рафтани қурби доллар дар нисбати сомонӣ дар саррофиҳои Тоҷикистон Бонки миллӣ эълон кард, Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кардааст, ки дар асоси он тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд”.

Ба дунбол ин ниҳод аз анҷоми санҷишҳои муштарак дар якҷоягӣ бо кормандони додситонӣ ва оҷонсии зидди коррупсия хабар дода, гуфт, “амалҳои зиёди ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллиро ошкор кардааст, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд".
Мӯҳр
Ин чорахо танхо боиси ажиотажи бештар дар бозори пул ва боло рафтани курби доллар мешаванд. Аз тарафи дигар, магар бад аст? Додани маошу нафакахо осонтар мешавад.

Нафахмидам, мардуми камбизоат чи тавр пули аз Руссия омадаашро иваз мекунад . Дар бонкхо нархи 1000 рубл = 104-сомони ё 100 $ = 710-сомони мехаранд . Дар саррофон бурда иваз кунем ,100 $ = 712-сомони. 1000 рубл = 107-сомони. Монед саррофон кор кунан ,факат бо тахти назорати бонкхо бошанд. Бо кабули хамин конун .рузи 3-юми декабри соли 2015 нархи 100 $ = 720-сомони шуд .рузи 2-юм 3-юми декабри соли 2015 сахар хамин нарх 100 $ = 710-сомони буд. Бо ин рафтор мардуми камбизоат боз дар азоб .

Муаллим
Ҳамон нуқтаҳои саррофӣ дар бозорҳо (Корвон, Султони Кабир, ...) тамоман даркор нестанд. Дар назди ҳама бозорҳо шуъбаҳои бокҳо ҳастанд. Бигузор корафтодагон пулҳояшонро дар ҳамон ҷойҳо иваз кунанд. Лекин ман бовар надорам, ки масъулони бонк қоидаҳоро риоя кунанд ва қурби худро аз қурби расмӣ бо фарқи калон муқаррар накунанд. Ҳоло ҳам онҳо фикри фақат киссаи худро мекунанд. Ман медонам ки роҳбарони бонкҳо касони "худӣ"-ро дар нуқтаҳои мубодила мемонанд ва аз онҳо "доля" мегиранд. Аз ин хотир, аз гузаронидани мубодилагоҳҳо ба бинои бонкҳо вазъият тағйир намеёбад. Мо бояд аввал мафкураи бонкдорҳоро тарбия кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)