Бахшҳо

Дастури Убайдуллоев ҷиҳати таҳкими тадобири амниятӣ дар пойтахт

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ дар пойтахт ва истифодаи дастгоҳҳои ташхискунандаи асбобҳои металӣ дар тамоми нуқтаҳои сернуфузи хизматрасонии аҳолӣ зери назорати қатъии мақомоти марбута қарор дода шавад. Ин дастури оқои Убайдуллоев дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки душанбеи 7 декабр баргузор шуд, садо додааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев далели ин тасмимро таҳкими тадбирҳои амниятӣ ва таъмини риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр гуфтааст. Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев “ҳолати иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе “Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе” ва тибқи хулосаи комиссияи босалоҳият бартарафсозии як идда иншооти ғайриқонунии ба талаботи меъморию сохтмонӣ ҷавобгӯнабуда ва дар заминаи иншооти ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташкил намудани ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиронии нозирони минтақавии милиса ва амният, хадамоти шабакаҳои гармидиҳӣ, оташнишонӣ ва марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, муассисаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, маорифу тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, мавриди баррасӣ қарор дод”.

Шаҳрдори Душанбе дар идома аз фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо ҷиҳати риояи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нигаронӣ намуда, супориш додааст, “назорат алайҳи қонуншиканиҳои ҷойдошта дар тамоми сатҳҳо пурзӯр гардида, кирдорҳои қонунпоймолкунӣ зимни баргузории маъракаҳои марбут ба расму ойин тавассути Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” бе муросокорӣ ба ҳукми аҳли ҷамоатчигӣ пешниҳод карда шавад”.
Мӯҳр
галя

Да таво камераборонш карден ки ранги КОРНСЛАГРИ Гитлер шидай. ин демократия ва озоди куҷо шудай:? ба микроскоп бковиш намеиёвиш. кандтона бзанен тунистен ва метонен

56
паспортный режим ва барчидани автохои шишасие ин аст рохи халоси аз хамагуна ходисахо ва чори кардани тролебусу автобусхо агане дар старексхои бадбуву ронандахои бадрафтор хама дилгир шуданд.

Cаид
То ба ин хад хам набудагист, шумо аввал проблемаи беш аз 20 сол кашолёфтаистодаи наклиет ва тозагиро хал кунед, ба авул табдил шудаем, ба авул, тамоми мардум кад-кади рах, мошинпойи, каме шахракхои дигари оламро бубинед, шахрхои азим албатта "слишком далеко", ин чи шахр ин чи маданият.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)