Фардо, 27-уми октябр дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ярмарка- намоишгоҳи байналхалқии «Тоҷикистон-2011» баргузор хоҳад шуд.
Тавре аз палатаи савдо ва саноати кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин намоишгоҳ дар қатори корхонаҳои ватанӣ, ширкатҳои мухталифи хориҷа, аз қабили Афғонистон, Беларус , Полша, Қазоқистон, Туркия, Хитой ва Малайзия ширкат мекунанд. Мақсад аз баргузории ин намоишгоҳро масъулини палатаи савдо ва саноат, муаррифӣ ва пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазир аз ҷониби корхонаҳои кишвар, аз ҷумла ҷустуҷӯи шарикони ҳамкор, барқарор кардани муносибати судманди тарафайни иқтисодӣ ва ташаккули имиҷи мусбати Точикистон арзёбӣ намуданд.
Дар назар аст, зимни ин ярмарка- намоишгоҳ маҳсулоти саноативу хӯроквории корхонаҳои кишвар ба маърази тамошо гузошта шаванд,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр