Бахшҳо

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Як сокини Душанбе мегӯяд, вазъи беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус ӯро қариб дар ҳолати шок гузошт.

Зебо Авазова, як истиқоматкунандаи пойтахт мегӯяд, вақте дар ноҳияи Шаҳритус дар меҳмонӣ қарор доштанд, якбора саломатии хоҳараш бад шуд ва ӯро ба беморхонаи ноҳиявии бурданд. Ба қавли ӯ, пизишкон тавсия додаанд, ки бояд хоҳараш фавран ҷарроҳӣ шавад. Хонум Авазова афзуд, беморхонаи ноҳиявӣ хеле дар ҳолати бад қарор дошта, ҳатто обу ҳоҷатхона надорад: “Як ҳафта ҳамроҳи хоҳарам онҷо будам. Беморхона дуошёна буда, дари ҳоҷатхонааш ҳамеша баста аст. Барои беморон “санитаркаҳо” сатил меоранд, то қазои ҳоҷат кунанд. Кормандони беморхона бошанд, дар гирду атрофи беморхона қазои ҳоҷат мекунанд. Дар беруни бино як ҳоҷатхона аст, аммо эҳтиёҷмандонро даромадан намегузоранд. Мегӯянд, ифлос мекунед”.

Ӯ мегӯяд, беморхона ба таъмири фаврӣ ниёз дорад, “ҳатто обашро нушида намешавад. На ҷойи дасту рӯшӯйӣ ҳаст ва на корҳои санитарӣ риоя мешуд. Як ҳафта азоб кашидем. Аз “качалка” дар бақлашкаҳо об меовардем, зери онҳо қуму лой ҷамъ мешуд”.

Аммо Зебо Авазова аз муносибати пизишкон тавсиф карда гуфт, барои ҷароҳӣ аз онҳо пул нахостаанд ва бо меҳрубонӣ бо маризон суҳбат мекунанд, дар ҳоле ки ҳақмузди ночиз мегиранд: “Як ҳамшираи шафқат ба ман гуфт, ки ҳамагӣ 300 сомонӣ маош дорад, вале 100 сомонии онро барои корҳои ободонӣ “мегардонанд”. Тасаввур кунед, ки 200 сомонӣ барои як нафаре, ки 3-4 фарзанд дорад, чӣ мешавад? Боз дар ин шароити вазнин кор мекунанд”.

Ҳаймурод Холмуродов, сардухтури беморхонаи ноҳияивии Шаҳритус дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “бино солҳои 60-ум сохта шуда, охирин маротиба соли 1999 таъмир шудааст. Мо шароите надорем, ки биноро таъмир кунем”.

Дар ҳамин ҳол, Абдулмаҷид Зоидов, ёрдамчии раиси ноҳияи Шаҳритус ба “Озодагон” гуфт, ҳукумат ба беморхонаи мазкур кумак мерасонад: “Мо назорат мебарем”.


Чанд акси зерро хонум Авазова аз беморхонаи мазкур бардоштааст

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)

Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)
Мӯҳр
Makomot
Vaziri tandurustiro az kor kholi kuned!!!!!!!!! Hami ruza khudush

Беморхонаи касалихои сироятии шахри панчакент хам чунин аст. на об дорад ва на хочатхонаи дуруст.

НОМИ
ана бини ҳоли миллате ки дар бемористони ки ҷои тозатарин бояд бошад.
ин миллат пешрафт мехоҳад, эй масулоне ки худатонро доно мегирен ва демократияра бо шоҳаншоҳи фарк карда наметонен. Каме ҳам бошад ба ҳоли мардуми гурустан ва камбизоат фикр кунед, кани чи чиз бихуран ва чи пушанд.

Зинда буд тибби муосири точик! Пересадкаи гурдаю чигарра кардему хочахона сохтана ёд нагирифтем.

шукрона
шахртузихо шукрона кнен, хап кнен, сатил набоша да болои пол казои хочат кнен.

Гарени
Номардона дар сатил хочат кунаму лекин зинда бошам. Озоди ташаккур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)