Сангпартоиҳои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шаби 7 ба 8-уми декабр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳолатҳои сангпартоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа мошин ва хонаи шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидаанд.
Тавре Хадамоти марзбонии Қирғизистон тасдиқ кардааст, соати 19:00-и 7 декабр шахсони номаълум дар наздикии деҳаи Қочобой мошини шаҳрванди Тоҷикистонро ҳадафи сангпартоӣ қарор дода, тирезаҳояшро шикастаанд: “Тақрибан якуним соат пас афроди номаълум сӯи хонаи шаҳрванди Тоҷикистон сангпартоӣ кардаанд. Дар пайи сангпартоиҳо боми хонаи шаҳрванди Тоҷикистон ва тирезаҳои як мактаби қирғизӣ осеб дидаанд”.
Манбаъ мегӯяд қазия дар минтақае, ки сарҳад муайян нест, рух додааст: “Феълан вазъ муътадил буда, масъулини ҳар ду кишвар миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаанд. Амалиёт барои муайян ва боздошти омилони қазия идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |