Бахшҳо
08 дек 2015 14:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

"Биёву бубар" баргузор гардид!

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Дар таърихи 5.12.2015 аввалин бозии бурдноки аксияи "Биёву бубар" доир гардид. Ногуфта намонад, ки ин бозии бурднок ҷузъи барномаҳои бурдноки суғуртаи тиббист, ки ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" пешкаши мизоҷони эҳтимолии худ гардонидааст. Дар ин аксия дорандагони полисҳои суғуртавии ду баномаи нави ин ташкилот "Классика" бо пардохти суғуртавии 160 сомонӣ ва "Нуқрагӣ" бо пардохти суғуртавии 260 сомонӣ ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки ин иқдоми "Суғуртаи миллӣ" дар кишвар бесобиқа буда, ҳадафи аслии он ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ба суғуртаи тиббӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯз суғуртаи тиббӣ роҳи аз ҳама босамари ба танзим даровардани бозори хизматрасониҳои тиббӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ва баргузории ин гуна иқдомҳо метавонад мардумро аз ҳадафҳои аслии суғуртакунии тиббӣ огоҳ намояд. Барои таъмини шаффофият аксияро комиссияи ҷамъиятӣ, ки аз миёни худи муштариён интихоб гардида буд, назорат мекард. Дар бозии бурдноки аввал ду шоҳҷоиза бо маблағи 5 000 ва 10 000 сомонӣ ва ҷоизаҳои дигар мавриди бозӣ қарор гирифтанд. Бозии аввали аксияи "Биёву бубар" дар фазои эҳсосоти интизорӣ, шавқу завқ, тааҷҷуб, табассум ва таманниёти самимонаи ғолибон баргузор гардид ва рӯҳияи болида барои тамоми рӯз ба иштирокчиёнаш ато кард. Билохира шоҳҷоизаҳо ва ҷоизаҳои дигари аксия соҳибони худро пайдо намуданд.

Ғолиби шоҳҷоизаи пулии барномаи "Классика", ки аз 5 000 сомони иборат буд, Фозилов Олимҷон (рақами телофонаш 93 459 3219) ва ғолиби шоҳҷоизаи барномаи "Нуқрагӣ" бо маблағи 10 000 сомонӣ Ҳамроев Саидаҳмад (тел.92 947 1011) гардиданд. Ғолиби шоҳҷоизаи асосӣ Ҳамроев Саидаҳмад дар сӯҳбати телефонӣ ба мо иброз намуд, ки хабари ғолиб гардиданашро дар бозии бузкашӣ мешунавад. Вақте ба ман занг заданд, ман дар маъракаи бузкашӣ қарор доштам ва росташ аввал фикр кардам, ки касе бо ман шӯхӣ мекунад. Аммо баъд ба ёдам расид, ки дар ҳақиқат полиси суғуртавии барномаи "Нуқрагӣ" ро аз ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" харидорӣ намуда будам. Ба хона шитофтам ва ин хабарро ба иттилои хонаводаам расонидам. Аҳли оила ҳам баъзе бовар мекарданд ва баъзеи дигар мегуфтанд, ки касе бо ту шухӣ мекунад. Баъдан бо машварати ҳамагони қарор додем ба "Суғуртаи миллӣ" занг занем ва дар он ҷо тасдиқ карданд, ки воқеан ман 10 000 сомонӣ бурд намудаам. Ман мехостам ба тамоми дастандаркорони ин иқдом ташаккури худро баён кунам ва дар фаъолияташон комёбиҳо орзӯ намоям. Пулҳои буридаамро низ мехоҳам тавре масраф намоям, ки хотираи ҳамешагие аз "Суғуртаи миллӣ" бароям боқӣ монад.
Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми "Суғуртаи миллӣ" идома дорад. Ҳар сокини Тоҷикистон бо харидории полисҳои суғуртавии яке аз се барномаи «Классика», «Нуқрагӣ» ва «Тиллоӣ» на танҳо саломатии худро барои як сол суғурта мекунад, ҳамчунин дар чанд аксияи бурднок иштирок намуда, имкон хоҳад дошт, то яке аз 9 бурди молӣ ва ё шоҳҷоизаҳоро ба маблағи 5 000 , 10 000 ва 20 000 сомонӣ бурд намояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)