Бахшҳо

Афзоиши оби хориҷшаванда аз Сарез ва тамоси Э.Раҳмон бо раисон дар Бадахшон

Мақомоти Бадахшон мегӯянд, дар пайи заминларзаи 7-уми декабр ҳаҷми оби хориҷшаванда аз кӯли Сарез афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои манобеи "Озодагон" феълан чораандешӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолии ҷамоатҳои наздики кӯли Сарез, ки дар пайи заминларза зарар дидаанд, идома дорад: "Кӯчондани аҳолӣ на ба хатари Сарез, балки ба он рабт дорад, ки бисёри сокинон бесарпаноҳ мондаанд ва феълан мошинҳои комиссияи вилоятӣ дар роҳ ба минтақаи осебдида қарор доранд".

Манбаъ таъкид намуд, ки ба далели номусоидии боду ҳаво парвози чархбол ба минтақаи зарардида то ҳол сурат нагирифтааст: "Дар сурати пайдо шудани имкони парвоз тариқи чархбол нахуст маҷруҳону барҷомондагонро аз минтақаи зарардида мекӯчонем. Дар маҷмуъ оилаҳои бесарпаноҳ ба маркази Рӯшон, мактаб-интернатҳои вилоят, литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон ва дигар ҷойҳо кӯчонда хоҳад шуд, то зимистонро гузаронанд. Дар минтақаи осебдида, феълан барф борида истодааст ва ҳеч имкони бунёди хонаҳо вуҷуд надорад".

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8 декабр бо Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон ва раисони 8 шаҳру навоҳии вилоят дар робита ба заминларзаи 7-уми декабр суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шодихон Ҷамшед ва раисони Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз супориш дод, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию сарулибос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки фавран ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба мардуми осебдида таъсис дода шаванд ва дар баробари комиссияи ҳукуматӣ шабурӯз фаъол бошанд.
Мӯҳр
БАРТАНГ МАРАВ, КИ РОХИ БАРТАНГ ХАТАР АСТ...

Асар
Охир овози азону комат ки рафт аз он механ... Хар руз офат меояд мешуян вокеан рост буда аст.... Бубинед холи мардуми мазлума....

назар
ба асари беасар! дар ИРОК,СУРИЯ, АФГОНИСТОНУ ПОКИСТОН ХАР РУЗ ОВОЗИ АЗОНУ КОМАТ 5 БОР БА ОСМОН ДАККА МЕХУРАД вале хар руз садхо мусалмон дар масчид аз таркиш дар берун аз тиру туфанг ва ханчари хунрези мучохиддони исломи чон мебозанд. пас хулосаи ту дар бораи заминчунби дар МЕХАНИ мо як пули пучак арзиш надорад!!!! зеро аз илми мантик бехабари...

Асар
назар,
Бародар Назари бе Назар ту Ин давлатхоро бо Точикистон мукоиса накун онхо низ мисли Точикистон шуданду ба хамин хол расиданд. Точикистонам мисли онхо мешавад... Мантик кучост ки мо зиёда 4 ниругохи баркии калону зиёда аз 100 ниругохи баркии хурд дорем... Афгонистону дигар кишвархо аз мо барк мехаран барои миллаташон бе барк намондан мо бошад баркро мефурушем барои миллатамонро аз барк махрум кардан....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)